Фолбинзани истаравшанӣ ҷавонзанро то ба худкушӣ расонд

Як ҷавонзани 19-солаи шаҳри Истаравшан барои додани ҳаққи фолбинзани маҳаллӣ аз хонаи бародар ва дигар пайвандонаш пул дуздида, ба ӯ медодааст. Дар ниҳояти кор ин ҷавонзан даст ба худкушӣ задааст. Мақомоти милитсия ва прокуратура нисбати сокини 34-солаи шаҳр Маърифат Каримова, ки ба фолбинӣ машғул будааст, парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ӯ ба далелҳои сершумори даст доштан […]

Asia-Plus

Як ҷавонзани 19-солаи шаҳри Истаравшан барои додани ҳаққи фолбинзани маҳаллӣ аз хонаи бародар ва дигар пайвандонаш пул дуздида, ба ӯ медодааст. Дар ниҳояти кор ин ҷавонзан даст ба худкушӣ задааст.

Мақомоти милитсия ва прокуратура нисбати сокини 34-солаи шаҳр Маърифат Каримова, ки ба фолбинӣ машғул будааст, парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ӯ ба далелҳои сершумори даст доштан дар қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, фолбинзан бо ваъдаи бо роҳи сеҳру ҷоду ҳал намудани муаммо, яъне мусоидат дар бавуҷудории муҳаббат ва оқибат хонадоршавии духтар бо ҷавони дӯстдошта, давоми солҳои 2014-2016 бо роҳи фиреб ба миқдори махсусан калон, маҷмӯан зиёда аз 206 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ ва тилловориро аз ҷавондухтар талаб карда гирифтааст.

«Ҳангоме, ки ҳолатҳои дуздӣ ва воқеъияти кор ошкор мешавад, духтар худро шахси шармандашуда ҳисобида ба ҳалокат мерасонад. То рӯзи марг маълумоти мазкур ба тафтишот дастрас ва баъзе аз далелҳои шайъӣ, аз ҷумла тилловорӣ аз хонаи фолбин дарёфт гардиданд», – омадааст дар маълумот.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.