490 млн. доллар кумак ба бонкҳои гирифтори мушкилот

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз қарори ҳукумат дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ ҷиҳати сармоягузорӣ намудани бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷонибдорӣ намуд. Мувофиқи қарори қабулнамудаи вакилон, ояндаи наздик ба муомилот баровардани коғазҳои қиматнок – векселҳо дар назар аст, ки пардохтпазирии онҳо аз ҷониби Бонки миллӣ кафолат дода мешавад, яъне Бонки миллӣ аз бонкҳо вексел […]

Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз қарори ҳукумат дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ ҷиҳати сармоягузорӣ намудани бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷонибдорӣ намуд.

Мувофиқи қарори қабулнамудаи вакилон, ояндаи наздик ба муомилот баровардани коғазҳои қиматнок – векселҳо дар назар аст, ки пардохтпазирии онҳо аз ҷониби Бонки миллӣ кафолат дода мешавад, яъне Бонки миллӣ аз бонкҳо вексел харида, ба онҳо пули нақд медиҳад.

«Векселҳо ба муҳлати 5 сол бо 2%-и солона ба 4 бонк – «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» дода мешаванд», – хабар дод вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён ба вакилони парлумон.

Дар маҷмӯъ ба бонкҳо ба маблағи умумии 3 млрд. 850 млн. сомонӣ (наздики 490 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира) векселҳо пешниҳод мешаванд. Аз ҷумла «Тоҷиксодиротбонк» ба маблағи 2 млрд. 250 млн. сомонӣ, «Агроинвестбонк» – 1 млрд. 70 млн. сомонӣ, «Тоҷпромбонк» – 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» – 80 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок мегиранд.

Вазири молия қайд кард, ки векселҳо ба бонкҳои зикршуда бо гарави амволи манқул ва ғайриманқул дода мешаванд.

Ӯ илова намуд, ки механизми амалисозии қарори ҳукумат бояд дар муддати 1 моҳ таҳия гардад. «Дар чор бонки тиҷоратии зикршуда Шӯроҳои нозирон таъсис дода шуда, роҳбари онро ҳукумат таъин мекунад», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.