Муаррифии ҳавопаймои нави Украина. Бидуни қисмҳои эҳтиётӣ аз Русия

Ширкати давлатии «Антонов»-и Украина маросими муаррифии ҳавопаймои нави бисёрсоҳавии боркаши Ан-132-ро, ки ҳамроҳ бо Арабистони Саудӣ омода шудааст, баргузор намуд. Ширкати давлатии «Антонов» ягона дар Украина корхонаи истеҳсолкунандаи техникаи авиатсионӣ мебошад. Дар ин маросим президенти Украина Петр Порошенко ширкат варзида, ҳамчунин намояндагони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳузур доштанд. Арабистони Саудӣ фармоишгар ва шарики амалисозии лоиҳаи мазкур […]

Asia-Plus

Ширкати давлатии «Антонов»-и Украина маросими муаррифии ҳавопаймои нави бисёрсоҳавии боркаши Ан-132-ро, ки ҳамроҳ бо Арабистони Саудӣ омода шудааст, баргузор намуд. Ширкати давлатии «Антонов» ягона дар Украина корхонаи истеҳсолкунандаи техникаи авиатсионӣ мебошад.

Дар ин маросим президенти Украина Петр Порошенко ширкат варзида, ҳамчунин намояндагони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳузур доштанд. Арабистони Саудӣ фармоишгар ва шарики амалисозии лоиҳаи мазкур аст. Ин маросим мустақиман дар телевизион намоиш дода шуд.

https://www.youtube.com/watch?v=uAtBmnau670

«Ҳавопаймо ояндаи хуб дошта, мутмаинем, ки ба 260-290 адад ҳавопаймо то соли 2035 барои он бозор мавҷуд аст. Ба ҳамаи кормандону мутахассисони ин ҳавопайморо омодакарда миннатдорӣ баён мекунам», – овардааст УНИАН гуфтаҳои президенти Украинаро.

Ҳавопаймои навъи Ан-132D бо фармоиши Арабистони Саудӣ ҳамроҳ бо шарикони хориҷӣ, аз қабили Honeywell-и амрикоӣ, CMC Electronics ва Pratt & Whitney Canada-и Канада омода гардида, дар 1,5 сол сохта шудааст.

Дар сохтани ин ҳавопаймо корхона пурра аз истифодаи таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётии Русия даст кашидааст. Дастгоҳу таҷҳизот ва масолеҳи ҳавопаймои Ан-132D истеҳсоли танҳо Украина ва кишварҳои Ғарб мебошанд. Иқтидори борбардории ҳавопаймо – 9,2 тонна, дарозиаш – 24,5 метр, баландиаш – 8,8 метр ва паҳнои болҳояш – 29,2 метр мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.