Густариши таҳримҳои ИМА зидди Русия

Мақомоти ИМА исми 7 шаҳрванд, ду киштӣ ва 30 ширкати дигари Русияро ба рӯйхати таҳримшудаҳо ворид карданд. Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, зидди Евгений Пригожин, миллиардер ва соҳиби як қатор қаҳвахонаҳо, ки ӯро ошпази шахсии президент Владимир Путин медонанд, таҳрим эълон шудааст. Гуфта мешавад, миёни киштӣ ва ширкатҳое, ки зидди онҳо […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти ИМА исми 7 шаҳрванд, ду киштӣ ва 30 ширкати дигари Русияро ба рӯйхати таҳримшудаҳо ворид карданд.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, зидди Евгений Пригожин, миллиардер ва соҳиби як қатор қаҳвахонаҳо, ки ӯро ошпази шахсии президент Владимир Путин медонанд, таҳрим эълон шудааст.

Гуфта мешавад, миёни киштӣ ва ширкатҳое, ки зидди онҳо маҳдудияти молӣ ва раводидӣ ҷорӣ шуд, корхонаи "Бандари Қрим", "Роҳи оҳани Қрим", "Трансфлот"-и Самара, киштии "Маршал Жуков" ва "Сталинград" низ ҳастанд.

Зимнан зикр мегардад, ки Ҷон Смит, сардори Шуъбаи назорати дороиҳои хориҷии назди Вазорати молияи ИМА гуфтааст, ки таҳримҳо дар робита ба вазъи Украина ва Қрим густариш ёфтанд. "Ҳадафи асосии Вашингтон идомаи фишорҳо зидди Русия ва халал расонидан ба фаъолияти шахсоне аст, ки аз таҷовуз ва нооромиҳо дар Украина ҳимоят мекунанд", – афзудааст вай.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.