Русия ба донишҷӯёни тоҷик имсол 600 квота ҷудо кард

Asia-Plus

Русия имсол ба Тоҷикистон тақрибан ба 90%-и макотиби олии кишвараш 600 квотаи таҳсил ҷудо кард.

Бино ба маълумоти сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва роҳбари намояндагии «Россотрудничество» дар ҶТ Михал Вождаев, дар озмуни интихоб барои ин квотаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, шахсони бидуни шаҳрвандӣ ва ҳамватанони русиягии доимо муқими Тоҷикистон ва қайднадошта дар қаламрави Русия иштирок карда метавонанд.

Михаил Вождаев зикр кард, ки «ҳанӯз соли гузашта расмиёти қабул ва интихоби номзадҳо дар доираи барномаи квотаҳо осонтару шаффофтар гардид, зеро низоми кушодаи пешниҳоди дархост дар шакли электронӣ роҳандозӣ гардида, имсол ин низом беҳтар коркард шуд».

Шахсони хоҳишманди қабул бо квота бояд то 21 феврал (то соати 17 ба вақти Душанбе) дар портали http://russia.study/ худро ба қайд гузошта, маълумотнома (анкета)-ро пур кунанд.

Баъдан номзадҳо ба санҷиш (тест)-и хаттӣ ва шифоҳӣ даъват шуда, фанҳои имтиҳонӣ ба ихтисоси интихобкарда вобаста аст.

Ба гуфтаи Вождаев, санҷишҳои интихобӣ аз ҷониби комиссияи иборат аз намояндагони Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва ҳамчунин кормандони макотиби олии Русия гузаронида шуда, тестҳо нисбат ба довталабон дар худи Русия мутобиқ ва осонтар карда мешаванд.

Имтиҳонҳо дар се шаҳр – Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа гузаронида мешаванд. Дар аввал ВМКБ низ дар назар буд, вале бинобар сабаби мушкилот бо алоқаи ҳавоӣ лозим омад, ки он сарфи назар шавад. Маълумоти дақиқ дар бораи сана ва макони баргузории имтиҳонҳо дар сомонаи tjk.rs.gov.ru ва саҳифаи расмии Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе дар Facebook ҷойгир карда мешавад.

Баъди гузаштан аз санҷишу суҳбат, метавон бо майли худ 6 мактаби олӣ (дар Маскав ва Санкт-Петербург на бештар аз 2 мактаби олӣ)-ро интихоб намуд ва он мактаби олие, ки дар рӯйхат аввал нишон дода мешавад, нахустин шуда дар бораи довталаб ва натиҷаҳои имтиҳони он маълумот мегирад.

Дар сурате, ки агар натиҷаҳои санҷиш (тест) мактаби олии мазкурро қонеъ насозанд, маълумот ба мактаби дигар тибқи рӯйхат дода мешавад ва ҳамин тавр то шашум муассисаи таҳсилотӣ. Дар сурате, ки агар номзад танҳо як муассисаи таълимиро зикр карда бошаду ин муассисаи ӯро интихоб накунад, номзад аз имкони таҳсил дар Русия маҳрум шуда метавонад.

Тавре зикр гардида буд, соли гузашта шумори квотаҳо камтар аз 500 адад буд. Ҳудуди 90%-и макотиби олии Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро барои таҳсил қабул мекунанд, дар ҳамин ҳол, шарт нест, ки беҳтараш онҳо забони русиро донанд. Аз донистани забони русӣ истиқбол мешавад, вале дар интихоб он ҳалкунанда нест. Дар аксари макотиби олии Русия факултаҳои омодагӣ амал мекунанд, ки дар онҳо донишҷӯёни хориҷӣ аз ҳисоби буҷети Русия ба омӯзиши забон машғул шуда метавонанд.

Сабти он-лайни шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар соли хониши 2017/18 дар макотиби олии Русия аз 1 феврал оғоз гардид. Ҳамарӯза аз рӯзи душанбе то ҷумъа соати 15:00 дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе (кӯч. Мирзо Турсунзода, х. 28) оид ба масъалаҳои пешниҳоди ариза ва иштирок дар чорабиниҳои интихобӣ машваратҳо гузаронида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...