Қатъи ваколатҳои Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Маҷлиси пойтахт

Ваколатҳои собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Маҷлиси вакилони халқи пойтахт қатъ шуд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки бо фармони президент санаи 12 январ аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе озод карда шуд, бо хоҳиши худаш ваколатҳояшро дар Маҷлиси вакилони пойтахт қатъ кард. Ҳамчунин собиқ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Фирӯз Улмасов низ аз ваколатҳояш дар Маҷлиси […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ваколатҳои собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Маҷлиси вакилони халқи пойтахт қатъ шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки бо фармони президент санаи 12 январ аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе озод карда шуд, бо хоҳиши худаш ваколатҳояшро дар Маҷлиси вакилони пойтахт қатъ кард.

Ҳамчунин собиқ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Фирӯз Улмасов низ аз ваколатҳояш дар Маҷлиси вакилони пойтахт даст кашид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, дар иҷлосияи нуҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум вакилони Маҷлис аз ҳавзаҳои №25 ва № 62 Убайдуллоев Маҳмадсаид ва Улмасов Фирӯз Убайдуллоевич бо ариза барои пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои вакилиашон ба Маҷлиси вакилони шаҳр муроҷиат карда, иштирокчиёни иҷлосия масъалаи мазкурро баррасӣ ва қарор карданд, ки ваколати вакилони халқ аз ҳавзаҳои №25 ва №62 дар асоси қонунҳои амалкунада пеш аз муҳлат қатъ карда шавад.

Ҳамчунин қарор шудааст, ки санаи 2-юми апрели соли 2017 ба  ҷои вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии  №25 ва №62 интихобот таъин карда шавад.

Гуфта мешавад, иҷлосияи мазкур бо ташаббуси як гурӯҳ вакилон ва дар асоси қарори иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуда, таҳти раёсати кӯҳансолтарин вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе Зариф Шарифов сурат гирифтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар иҷлосия оид ба ҷараёни омодагӣ ба таҷлили иди байналмилалии «Наврӯз-2017»  иштирокчиёни иҷлосия ахбори муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзодаро шунида, тасмим гирифта шудааст, ки чорабиниҳои ҷашнӣ дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ амалӣ мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.