Пешниҳоди бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба сармоягузорони Қатар

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон сармоягузорони Давлати Қатарро ба иштирок дар амалисозии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ даъват мекунад.

Зимни муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон дар пойтахти Қатар муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев изҳор намуд, ки бахши гидроэнергетикии кишвар аз имконоти бузург бархӯрдор аст.

Ба гуфтаи ӯ, аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ ба воҳиди майдон дар саросари ҷаҳон Тоҷикистон ҷойи аввал ва аз лиҳози ин захираҳо ба ҳар як сари аҳолӣ зинаи дуюмро ишғол мекунад.

Зикр гардид, ки аз рӯи захираҳои имконпазири гидроэнергетикӣ дар саросари дунё Тоҷикистон мақоми 8-умро касб карда, имконоти гидроэнергеткии ҷумҳурӣ 527 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор то ҳол камтар аз 5 фоизаш азхуд шудааст.

Ӯ зикр кардааст, ки дар Тоҷикистон барои саҳмгузории сармоягузорони хориҷӣ 8 лоиҳаи махсус таҳия гардида, иқтидори пешбинишудаи нерӯгоҳҳои барқи обӣ аз 250 МВт то 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Дар Харитаи сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон омода шудааст, дар мавриди сохтмони нерӯгоҳҳои нави бузургу миёна 34 лоиҳа ва ҳамчунин бунёди неругоҳҳои сершумори хурд пешниҳод шудааст.

Аз ҷумла, дар дарёи Панҷ – бунёди 12 нерӯгоҳи нав (бо иқтидори аз 100 ва зиёда аз он МВт), рӯдхонаи Зарафшон – 6 нерӯгоҳ (бо иқтидори то 210 МВт), дар дарёи Оби Хингов – 5 нерӯгоҳ, дар рӯдхонаи Сурхоб – 4 нерӯгоҳ, дар дарёҳои Мастчоҳ ва Вахш – 3-тогӣ нерӯгоҳ ва дар Амударё – 1 нерӯгоҳ пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаҳои нисбатан бузургтар инҳоанд: сохтмони НБО Рӯшон дар дарёи Панҷ (иқтидори муқарраршуда 3000 МВт); сохтмони НБО «Дарвозаи Санги Хоро» дар дарёи Панҷ (2100 МВТ); бунёди НБО «Ҷумар» дар дарёи Панҷ (1900 МВт); бунёди НБО «Ширговат» дар дарёи Панҷ (1900 МВт); сохтмони НБО «Хостав» дар дарёи Панҷ (1200 МВт) ва НБО «Шӯроб» дар дарёи Вахш (900 МВт).

Айни замон дар тобеияти ширкати «Барқи тоҷик» 11 адад нерӯгоҳҳои бузургу миёна амал мекунанд, ки бузургтаринаш нерӯгоҳи Норак буда, боз 6 нерӯгоҳи барқи обии хурд низ фаъолият доранд. Ҳамчунин феълан сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар дарёи Вахш бо иқтисодори 3600 МВт идома дорад.

Ғайр аз ин, тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ боз беш аз 200 нерӯгоҳҳои барқи обии хурд сохта шудаанд, ки ба сохтори «Барқи тоҷик» шомил нестанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...