Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар шаҳри Минск рӯзҳои 8-9 феврал ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқасозии лоиҳаи аснод дар бораи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи низомӣ доир мегардад, ки дар он масъалаи ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи ҳавоӣ-кайҳонии кишварҳои Иттиҳод баррасӣ мешавад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар шаҳри Минск рӯзҳои 8-9 феврал ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқасозии лоиҳаи аснод дар бораи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи низомӣ доир мегардад, ки дар он масъалаи ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи ҳавоӣ-кайҳонии кишварҳои Иттиҳод баррасӣ мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.9034 сомонӣ;

1 евро – 8.4195 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1308 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1990 — Дар Душанбе аввалин овозаҳо дар бораи вуруди гурезаҳои арманӣ ба Тоҷикистон паҳн шуданд. Маҳз ин овозаҳо сабабгори асосии фоҷеаи баҳманмоҳ шуданд.

2004 – Дар Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистон Юсуф Султонов бо духтар ва ҷиянаш мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифт. Хуршеда Султоноваи 9-сола аз ҷароҳатҳои зиёд ба ҳалокат расид.

2008 — Қарори ҳукумати ҶТ дар бораи маҳдудияти воридоти автомобил бо чанбараки тарафи рост мавриди амал қарор гирифт.

2015 — Кумитаи давлатии амнияти миллӣ узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз ҲНИТ-ро барои ғайриқонунӣ нигаҳдории аслиҳа боздошт кард.

1921 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Нормат Каримов.

1927 – Мавлуди нависанда Нӯъмон Розиқ.

1954 – Зодрӯзи ҳунарманди шоистаи балет Валерий Алибоев.

1959 — Мавлуди вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов.

1875 – Зодрӯзи шоир Бобоюнус Худойдодзода.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -1+4.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона +1+6.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -13-18, рӯзона 0-5; дар шарқ шабона -27-32, рӯзона -14-19.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0-5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман. 

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +8+10.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -14-16, рӯзона -1-3.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.