Дар Суғд 4 нафар аз дуди ангишт заҳролуд шуданд

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Чанде қабл дар вилояти Суғд бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишти оташдон 4 нафар аъзои як оила дар бемористон бистарӣ шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, ин ҳодиса рӯзи 6 феврал дар шаҳри Панҷакент рух додааст.

«Марди 34-сола бо ҳамсару ду кӯдакаш бо аломатҳои заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар бемористон бистарӣ шуда, писарчаи 9-сола дар роҳ ба беморхона ҳалок ва мард бо ҳамсару духтарчааш наҷот дода шудаанд», – гуфтанд дар Раёсати ВКД.

Зимнан зикр гардид, ки ин оила барои гарм кардани манзили зисташон дар оташдони хона аз ангишт истифода мекардаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳарчанд дар ҷумҳурӣ реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ бекор шуда бошад ҳам, лекин бар асари сардии беҳад зиёди обуҳаво, аксари сокинони минтақаҳо барои гарм крадани хонаҳо аз ангишт истифода мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...