Дар Суғд 4 нафар аз дуди ангишт заҳролуд шуданд

Чанде қабл дар вилояти Суғд бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишти оташдон 4 нафар аъзои як оила дар бемористон бистарӣ шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, ин ҳодиса рӯзи 6 феврал дар шаҳри Панҷакент рух додааст. «Марди 34-сола бо ҳамсару ду кӯдакаш бо аломатҳои заҳролудшавӣ аз дуди ангишт […]

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Чанде қабл дар вилояти Суғд бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишти оташдон 4 нафар аъзои як оила дар бемористон бистарӣ шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, ин ҳодиса рӯзи 6 феврал дар шаҳри Панҷакент рух додааст.

«Марди 34-сола бо ҳамсару ду кӯдакаш бо аломатҳои заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар бемористон бистарӣ шуда, писарчаи 9-сола дар роҳ ба беморхона ҳалок ва мард бо ҳамсару духтарчааш наҷот дода шудаанд», – гуфтанд дар Раёсати ВКД.

Зимнан зикр гардид, ки ин оила барои гарм кардани манзили зисташон дар оташдони хона аз ангишт истифода мекардаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳарчанд дар ҷумҳурӣ реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ бекор шуда бошад ҳам, лекин бар асари сардии беҳад зиёди обуҳаво, аксари сокинони минтақаҳо барои гарм крадани хонаҳо аз ангишт истифода мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.