Ҳавопаймои Тоҷикистон ба Тошканд фуруд омад

Ҳавопаймои хатсайри аввали ширкати «Сомон Эйр» ба шаҳри Тошканд фуруд омад. Тавре хабарнигори «Азия-Плюс» Лилия Гайсина хабар дод, пойтахти Ӯзбекистон мусофирони тоҷикро бо обуҳавои абролуд пешвоз гирифта, ҳарорат дар мавзеи фурудгоҳи Тошканд панҷ дараҷа гарм аст. «Айни замон шиносномаҳои моро тафтиш мекунанд, – иттилоъ дод тариқи телефон хабарнигор. – Эъломияҳоро пур карда, акнун интизорем». Мусофирон […]

Asia-Plus

Ҳавопаймои хатсайри аввали ширкати «Сомон Эйр» ба шаҳри Тошканд фуруд омад.

Тавре хабарнигори «Азия-Плюс» Лилия Гайсина хабар дод, пойтахти Ӯзбекистон мусофирони тоҷикро бо обуҳавои абролуд пешвоз гирифта, ҳарорат дар мавзеи фурудгоҳи Тошканд панҷ дараҷа гарм аст.

«Айни замон шиносномаҳои моро тафтиш мекунанд, – иттилоъ дод тариқи телефон хабарнигор. – Эъломияҳоро пур карда, акнун интизорем».

Мусофирон бо шиносномаҳои тоҷикӣ раводидҳо ба Ӯзбекистонро аз шаҳри Душанбе гирифта буданд.

Ёдрас мекунем, ки парвози аввал ба шаҳри Тошкандро ширкати «Сомон Эйр» анҷом медиҳад. Парвоз техникӣ буда, хатсайри мунтазам аз 20 феврал роҳандозӣ мешавад. Капитани корабл Ҷӯрабек Умаров, халабони дараҷаи аввал аст.

Бо ин ҳавопаймо ҳайати мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар карда, дар Тошканд ба ҳаллу фасли масъалаҳои анҷоми расмиёти ифтитоҳи хатсайри мустақим миёни пойтахтҳои ҳарду кишвар машғул мешаванд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.