Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири Фаронсаро ба ҳузур пазируфт

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 9 феврал сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедарро бо хоҳиши ӯ  ба ҳузур пазируфта, дар ҷараёни мулоқот нахуст Сафири навтаъинро самимона шодбош гуфта, бо таманниёти муваффақиятҳо дар фаъолияти минбаъдаи ӯ, зикр намуд, ки таҷрибаву малакаи мавсуф баҳри таҳкиму густариши робитаҳои ҳасанаи байнидавлатию байнипарламентии дар асоси […]

Asia-Plus

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 9 феврал сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедарро бо хоҳиши ӯ  ба ҳузур пазируфта, дар ҷараёни мулоқот нахуст Сафири навтаъинро самимона шодбош гуфта, бо таманниёти муваффақиятҳо дар фаъолияти минбаъдаи ӯ, зикр намуд, ки таҷрибаву малакаи мавсуф баҳри таҳкиму густариши робитаҳои ҳасанаи байнидавлатию байнипарламентии дар асоси сиёсати сарони кишварҳо амалишаванда нек равона мешавад.

Тавре ёвари раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Наврӯз Қурбонзода хабар дод, аз ҷумла, таъкид шудааст, ки таъин шудани ӯ ба ҳайси сафир  рушди муносибатҳои байнипарламентиро низ дар доираи Ёддошти тафоҳуми мавҷуда миёни Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистону Сенати Фаронса дар 25 – умин солгарди муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳоямон такони тоза хоҳад бахшид.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқот изҳори боварӣ намуд, ки ба ин васила иқтидори парламентарҳои кишварҳо беш аз ҳарвақта барои ташкили заминаи мусоиди ҳуқуқӣ оид ба рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар соҳаҳои мухталиф, бахусус ҷалби сармоягузориҳои фаронсавӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат, маорифу тандурустӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ мавриди истифода қарор мегиранд ва баҳри боз ҳам фарогирии ҷавонони тоҷик бо донишҳои техникӣ грантҳои таъинотию семинарҳои омӯзишӣ роҳандозӣ карда шуда, теъдоди бурсияҳо дар донишгоҳҳои олии Фаронса барои донишҷӯёни тоҷик зиёд карда мешаванд.

Таъкид гардид, ки  баргузории конфрос дар мавзӯи «Дурнамои  ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии минтақаҳои Фаронса бо кишварҳои Осиёи Марказӣ» санаи 6 марти соли 2017 бо ташаббуси Раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои Сенати Фаронса бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Ив Поззо ди Борго дар Париж, ки дар он ҳайати бонуфузи Тоҷикистон низ барои иштирок даъват шудааст, собитгари тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд буда, ширкати аъзои Маҷлиси миллӣ низ дар он таъмин карда мешавад.

Гузашта аз ин, банақшагирии ташкили намоишгоҳи кофтуковҳои археологии Тоҷикистон  соли 2019 дар Фаронса баҳри муаррифии Тоҷикистон мавзеи муҳиме дар сатҳи байналмилалӣ хоҳад гашт.

Идома бар он, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамоҳангии фаъолияти минбаъдаро оид ба муборизаи дастаҷамъона алайҳи террозиму экстремизми байналмилалӣ, зуҳуроти номатлуби ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳифзи сарҳадоти  Тоҷикистону Афғонистон махсус таъкид намуданд.

Зикр шуд, ки бо инобати узвияти Тоҷикистон ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо  оғоз  шудани сарҳади ин созмони бонуфуз аз марзҳои кишвари мо, масъалаи ҳифзи сарҳади Афғонистон ва Тоҷикистон ва бо имкониятҳои Фаронса аз рӯи технологияҳои муосир  таъмин кардани базаи моддию техникии сарҳад ва сарҳадбонони мо мувофиқ ба мақсад мебошад.  

Дар навбати худ Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар барои қабул ва муҳтавои мулоқот изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки дар давраи фаъолият кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ин ҳамкориҳо боз ҳам ривоҷ ёфта, сатҳу сифати робитаҳои мавҷуда баланд бардошта шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.