Пешниҳоди бунёди иншооти нави муҳофизатӣ дар роҳи Душанбе – Хуҷанд

Комиссияи ҳукумат, ки бо мақсади бунёди иншооти иловагии муҳофизатӣ ба омӯзиши қитъаҳои дорои хатари тармафароӣ дар роҳи Душанбе – Хуҷанд (Чанок) машғул буд, ба хулосае расидааст, ки беш аз 5,5 километри ин роҳ ба иншооти иловагии муҳофизатӣ ниёз дорад. Ба ҳайати ин комиссия супориш дода шудааст, ки масъалаи сохтмони галерея ё худ айвонҳои муҳофизатии иловагӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Комиссияи ҳукумат, ки бо мақсади бунёди иншооти иловагии муҳофизатӣ ба омӯзиши қитъаҳои дорои хатари тармафароӣ дар роҳи Душанбе – Хуҷанд (Чанок) машғул буд, ба хулосае расидааст, ки беш аз 5,5 километри ин роҳ ба иншооти иловагии муҳофизатӣ ниёз дорад.

Ба ҳайати ин комиссия супориш дода шудааст, ки масъалаи сохтмони галерея ё худ айвонҳои муҳофизатии иловагӣ дар километри аз 60 то 72-юм, аз мавзеи Майхӯра то Уштурро омӯхта, хулосаи худро пешниҳод намояд.

Муовини сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагиии роҳи Вазорати нақлиёти ҶТ Алоуддин Аноятшоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки комиссия қитъаҳои ниҳоят хатарнокро омӯхта, ба хулоса омадааст, ки дар масофаи беш аз 5,5 километр сохтани галереяҳои иловагӣ зарур буда, хулосаҳо дар ин хусус ба ҳукумат пешниҳод шудааст.

Ба қавли Аноятшоев, тибқи хулосаи комиссия қитъаои бештар хатарнок барои тармафароӣ дар километри аз 64 то 69-ум ҷойгиранд, ки дар ин ҷойҳо дар навбати аввал сохтмони иншооти муҳофизаатӣ лозим аст.

Директори КВД «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ ва лоиҳакашии назди Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Олимҷон Холдоров қайд кард, ки баъди супориши ҳукумат пажӯҳишгоҳ ба корҳои лоиҳакашии ин иншоот омода буда, сохтмони беш аз 40 галереяи нав дар қитъаҳои гуногун дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар роҳи мошингарди Душанбе – Чанок 3 нақбу 24 галерея ва ҳамчунин дигар иншооти сершумори муҳофизатӣ мавҷуд аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.