Ба хатсайри аввали Душанбе – Тошканд 14 билет фурӯхта шуд

Asia-Plus

Бо ҳавопаймое, ки имрӯз аз фурудгоҳи Душанбе ба шаҳри Тошканд раҳсипор шуд, дар баробари ҳайати расмӣ ва рӯзноманигорони тоҷик боз 14 нафар мусофирон низ ба Тошканд сафар карданд.

Муддати 2-3 ҳафта ба аввалин парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Душанбе – Тошканд 14 адад билет фурӯхта шуд. Арзиши 1 билет ба 1 самт ҳудуди 140 долларро ташкил медиҳад. Миёни мусофирон шаҳрвандони ҳарду кишвар ҳузур дошта, ҳар кадоме аз онҳо аз имкони хеле зуд ба нуқтаи таъинот расидан хушнудӣ изҳор мекунанд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» мусофирзан Ҷамила Юсуфова аз хурсандӣ ашки чашмонашро нигоҳ дошта натавониста, изҳор намуд, ки баъди 25 сол ба зодгоҳаш азми сафар дорад.

«Ман дар шаҳри Тошканд ба дунё омада, ҳанӯз замони шӯравӣ ҳамроҳ бо шавҳарам ба Тоҷикистон кӯчида будем ва муддати 25 сол имкон надоштам, ки ба аёдати хешовандону наздиконам равам, – мегӯяд ӯ. – Дар Тошканд маро бародару хоҳарам интизоранд, ки ман онҳоро чоряк аср надидаам».

Миёни мусофирон якчанд нафар ҷавононро низ дидан мумкин аст, ки ба Тошканд сафар доранд, зеро ин шаҳрро то ҳол боре ҳам надидаанд.

«Ин имкони хеле хубест, ки билохира аз шаҳри ҳамсояи наздиктаринамон низ боздид кунем, – иброз доштанд онҳо. – Мо ҳамту барои тамошои шаҳри Тошканд меравем».

Мусофир Маҳмадӣ Юсупов, ки аз шаҳри Тошканд ба Тоҷикистон тез-тез меояд, изҳор кард, ки «пештар барои ба Душанбе омадан 10 соат ва гоҳе зиёдтар ҳам аз он вақт сарф мешуд ва акнун бошад, ман баъди 45 дақиқа ба Тошканд мерасам».

Ёдрас мекунем, ки соати 10-и имрӯз ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» баъди 25 соли таваққуф аз фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе ба самти пойтахти Ӯзбекистон –  шаҳри Тошканд роҳ пеш гирифт. Ин парвози техникӣ буда, хатсайри мунтазам аз 20 феврал роҳандозӣ хоҳад шуд.

Мусофирони ин ҳавопаймо асосан ҳайати сохторҳои авиатсионии Тоҷикистону буда, онҳо дар Тошканд ба ҳаллу фасли масъалаҳои расмиёти ифтитоҳи хатсайри мунтазам миёни пойтахтҳои ҳарду кишвар машғул мешаванд.

Бо ин ҳавопаймо намояндагони васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ, аз ҷумла хабарнигори «Азия-Плюс» низ ба Тошканд сафар мекунанд. Барои журналистон дар Тошканд барномаи сайругашт (экскурсия) дар шаҳр пешбинӣ шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...