Парвози таърихии ҳавопаймои Тоҷикистон ба Тошканд баъди 25 сол

Соати 10-и имрӯз ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» баъди 25 соли таваққуф аз фурудгоҳи Душанбе ба самти пойтахти Ӯзбекистон –  шаҳри Тошканд роҳ пеш мегирад. Ин парвози техникӣ буда, хатсайри мунтазам аз 20 феврал роҳандозӣ хоҳад шуд. Мусофирони ин ҳавопаймо асосан ҳайати сохторҳои авиатсионии Тоҷикистону буда, онҳо дар Тошканд ба ҳаллу фасли масъалаҳои расмиёти ифтитоҳи хатсайри […]

Asia-Plus

Соати 10-и имрӯз ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» баъди 25 соли таваққуф аз фурудгоҳи Душанбе ба самти пойтахти Ӯзбекистон –  шаҳри Тошканд роҳ пеш мегирад. Ин парвози техникӣ буда, хатсайри мунтазам аз 20 феврал роҳандозӣ хоҳад шуд.

Мусофирони ин ҳавопаймо асосан ҳайати сохторҳои авиатсионии Тоҷикистону буда, онҳо дар Тошканд ба ҳаллу фасли масъалаҳои расмиёти ифтитоҳи хатсайри мунтазам миёни пойтахтҳои ҳарду кишвар машғул мешаванд.

«Раҳбарияти ширкати «Сомон Эйр» ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои тадорукотӣ оид ба ифтитоҳи хатсайр бо намояндагони фурудгоҳи шаҳри Тошканд ва ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» гуфтушунид карданист», – хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкат.

Гуфта мешавад, роҳандозии парвози мунтазам тариқи хатсайри Душанбе – Тошканд аз 20 феврал дар назар аст. Вақти эҳтимолии парвоз аз Душанбе – соати 10-00 ва аз Тошканд соати 12-00 пешбинӣ мешавад. Вақти парвоз 45 дақиқа аст. Парвози фардо (11 феврал)-и бозпас аз Тошканд бинобар гуфтушунидҳои мақомоти авиатсионии кишварҳо соати 18:00 бо вақти Душанбе анҷом дода мешавад.

Бо ин ҳавопаймо намояндагони васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ, аз ҷумла хабарнигори «Азия-Плюс» низ ба Тошканд сафар мекунанд. Барои журналистон дар Тошканд барномаи сайругашт (экскурсия) дар шаҳр пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти дафтари матбуоти ширкат, арзиши билет ба як самт бо назардошти боҷҳо аз 1 ҳазор 164 сомонӣ (140 доллар) сар мешавад. Ширкат парвозҳо аз Душанбе ба пойтахти Ӯзбекистонро то охири мавсими зимистона ҳафтае як бор – рӯзи душанбе  ва дар мавсими тобистон ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе ба роҳ монданист.

Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода чанде қабл зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуда буд, ки парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Тошканд метавонад баъди имзои созишномаи дахлдори байниҳукуматӣ оғоз гардад, ки айни замон мавриди баррасии мақомоти дахлдори Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки директори генералии ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» Валерий Тян низ қаблан ба ВАО-и кишвараш гуфта буд, ки ояндаи наздик парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон барқарор шуда, дар ин самт созишномаи байниҳукуматӣ пурра ислоҳу коркард ва барои баимзорасӣ омода аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.