Зарбаи ҳавопаймоҳои бомбафкани Русия ба низомиёни турк

Се сарбози Туркия аз бомбаафкании ҳавопаймоҳои Русия дар Сурия кушта ва 11 тани дигари онҳо захмӣ шудаанд. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба рӯзномаи Hurriyet Daily News, яке аз бомбаҳо ба хонае дар шаҳри ал-Боб фуруд омадааст, ки андарунаш сарбозони турк маскун буданд. Гуфта мешавад, ситоди умумии Нерӯҳои мусаллаҳи Русия […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Се сарбози Туркия аз бомбаафкании ҳавопаймоҳои Русия дар Сурия кушта ва 11 тани дигари онҳо захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба рӯзномаи Hurriyet Daily News, яке аз бомбаҳо ба хонае дар шаҳри ал-Боб фуруд омадааст, ки андарунаш сарбозони турк маскун буданд.

Гуфта мешавад, ситоди умумии Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ин хабарро тасдиқ кард ва гуфтааст, бомбаафканҳои Русия дар наздикии шаҳри ал-Боб амалиёт анҷом медоданд ва тасодуфан ба иншооте зарба заданд, ки дар дохилаш сарбозони артиши Туркия буданд. Тарафи Русия изҳор доштааст, ки ин ҳамла қасдан ба амал наомадааст.

Зимнан зикр мегардад, ки президенти Русия Владимир Путин дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон дар робита ба ҳодиса тасаллият изҳор намудааст.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки ба огаҳии дафтари матбуотии Кремл, тарафҳо ба хулосае омаданд, ки бояд амалиёти ҳарбии ҳамдигарро зидди ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Сурия ҳамоҳанг кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.