Курсҳои такмили ихтисос барои кормандони ояндаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ

Иттилоияи расмӣ

Аз моҳи декабри соли 2016 то январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе, дар доираи амалинамоии лоиҳаи UNDP/GEF «Таҳвили технология ва рушди бозори НБО-ҳои хурд дар Тоҷикистон" курсҳои омўзишӣ оид ба баланд бардоштани потенсиали ҳайати техникии нерўгоҳҳои барқии обии хурд баргузор шуданд.

Курсҳо дар доираи зерлоиҳаи «Таъсис ва рушди потенсиали корхонаҳо дар панҷ ноҳияҳои мақсадноки лоиҳа вобаста ба истифодабарӣ, хизматрасонии техникӣ ва идоранамоии НБО-ҳои хурди сохташаванда, ки аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Маркази Тоҷикистону Норвегия оид ба рушди устувор» баргузор карда шуданд, ташкил карда шуда буданд.

Курсҳо барои бисту чаҳор мутахассис аз чаҳор ҷамоати мақсадноки ноҳияҳои Айнӣ, Ваҳдат, Ш. Шоҳин ва Рашти Ҷумҳурии Точикистон ташкил карда шуда буданд.

Ҳадафи асосии курсҳо омодасозии ҳайати техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассус ва потенсиали ҷомеаи маҳаллӣ ҷиҳати идоранамоии НБО-ҳои хурд мебошад, ки дар доираи лоиҳаи дар боло зикршуда сохта мешаванд.

Ба сифати шарики Фонди ҷамъиятӣ Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ дар соҳаи энергетика»-и Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика баромад намуд. Муассисаи мазкур барномаи омўзиширо барои омодасозии барқчиён ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои лоиҳа мутобиқ намуд. Барнома ба масъалаҳои идоранамоии амалии НБО-ҳои хурд ва таъмини устувории онҳо дар шароити дастрасии ноустувор ба минтақаҳои кӯҳистон равона шуда буд. Курс аз қисмҳои назарияи умумӣ, машғулиятҳои амалӣ дар синфхонаҳо ва пойгоҳи махсус сохташудаи Марказ иборат буд.

Иштирокчиёни курс инчунин бо ҷараёни сохтани таҷҳизот, ки тибқи технологияҳои аврупоӣ истеҳсол карда мешаванд ва тибқи иқтидорҳои ду майдончаҳои истеҳсолии тоҷик – КВД «Коргохи Мошинасозӣ» ва ҶСП «Энергоремонт» санҷида мешаванд, шиносоӣ пайдо намудад.

Қайд намудан зарур аст, ки таҳвили ноу-хауи пешқадами Аврупоӣ аз ҷониби корхонаи Хорватии «Комперг» низ дар доираи лоиҳаи UNDP/GEF «Таҳвили технология ва рушди бозори НБО-ҳои хурд дар Тоҷикистон" амалӣ карда шуд.

Ҳамин тариқ, иштирокчиёни курс инчунин имконият доштанд бевосита бо ҷараёни таҷҳизоти гидротехникӣ ва электротехникӣ дар НБО-ҳои хурд шинос шаванд.

Дар интиҳои курс имтиҳони иштирокчиён баргузор шуд, ки тибқи натиҷаҳои он ба иштирокчиён Шаҳодатнома дар бораи гузаштани курси баланд бардоштани тахассуси потенсиали электротехникҳо ва шаҳодатномаи барқчӣ бо дараҷаҳои дастрасии 2 ва 3 супорида шуд.

Дар доираи зинаи дуюми курс барои иштирокчиёни асосии тренинг курси якрӯза оид ба асосҳои идоранамоии НБО-ҳои хурд гузаронида шуд, ки самтҳои ҳисобу китоби муҳосибӣ ва идоранамоӣ, омоданамоии ҳисобот ва ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузориро дар бар мегирифт. Иштирокчиёни ин зинаи курс инчунин оид ба омода намудани шаклҳои ҳисоботи тибқи қонунгузории маҳаллӣ талабшаванда маълумот гирифтанд.

Иштирокчиёни курс ба Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид ва созмондиҳандагони чорабинии мазкур барои фароҳам овардани имконияти баланд бардоштани тахассусашон ва гирифтани донишҳо ва таҷрибаи нав, ки ҷиҳати таъмини муттасили фаъолияти объектҳои дар маҳаллаҳои онҳо сохташаванда истифода мекунанд,  самимона сипосгузорӣ намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки курсҳо дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии «Маркази Тоҷикистону Норвегия оид ба рушди устувор» дар доираи лоиҳаи UNDP/GEF «Таҳвили технология ва рушди бозори НБО-ҳои хурд дар Тоҷикистон", ки ба суръатбахшӣ ба рушди нерӯгоҳҳои барқи обии хурд дар Тоҷикистн равона шудааст, баргузор карда шуданд. Натиҷаи ниҳои лоиҳа кам шудани истифодабарии сӯзишвории анъанавии биологӣ ва сузишвории зеризаминӣ барои истеҳсоли барқ ва қонеъ намудани дигар талабот ба барқ ва ҳамин тариқ кам намудани партовҳои газӣ ба ҳавои атмосфера мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...