Мизи гирд бахшида ба 25-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русия

Акмал Маннонов, Asia-Plus

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба 25-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Русия таҳти унвони «Марҳилаҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия: робитаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва гуманитарӣ» мизи гирди байнулмилалӣ ҷараён дорад.

Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов изҳор намуд, ки муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дошта, сарфи назар аз буҳрони иқтисодӣ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо беш аз 1 млрд. долларро ташкил додааст.

«Ҳаҷми сармяогузориҳои андӯхтаи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 1,7 млрд. долларро ташкил медиҳад, – иброз дошт ӯ. – Бисёр корхонаҳои муштараки давлатҳо фаъолият дошта, ширкатҳои мобилии «Мегафон» ва «Таком» ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 50 млн. доллар сароягузорӣ кардаанд».

Сафир ҳамчунин аз рушди ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникии кишварҳо сухан гуфта, қайд кард, ки ҳамасола дар мактабҳои олии ҳарбии Русия 600 нафар тоҷикистониён ба таҳсил фаро гирифта шуда, то 1 ҳазор нафар мутахассисони ҳарбии Тоҷикистон дар пойгоҳи низомии 201-ум дар давраҳои такмили ихтисосу омодагӣ таълим мегиранд.

«Дар бахшҳои маорифу фарҳанг низ ҳамкориҳо пурсамар ба роҳ монда шудааст, – зикр кард сафир. – Масалан, беш аз 20 ҳазор нафар тоҷикистониён дар мактабҳои олии Русия таҳсил намуда, дар ин самт Маркази илму фарҳангу Русия дар Душанбе нақши муҳим дорад ва ояндаи наздик ифтитоҳи филиали ин марказ дар Хуҷанд дар назар аст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...