Истеъфои мушовири Трамп барои робитаҳо бо Русия

Ёвари президенти ИМА Доналд Трамп дар масъалаҳои амнияти миллӣ, генерал-лейтенант Майкл Флинн вазифаи худро тарк кард. Вай бо аризаи истеъфо ба президент муроҷиат намудааст. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, дар номаи худ Флинн иқрор кард, ки ба ноиб-президент Майкл Пенс дар бораи гуфтугӯи хеш бо сафири Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк иттилои […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Ёвари президенти ИМА Доналд Трамп дар масъалаҳои амнияти миллӣ, генерал-лейтенант Майкл Флинн вазифаи худро тарк кард. Вай бо аризаи истеъфо ба президент муроҷиат намудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, дар номаи худ Флинн иқрор кард, ки ба ноиб-президент Майкл Пенс дар бораи гуфтугӯи хеш бо сафири Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк иттилои нодуруст додааст. Истеъфои Флинн баъди он рух дод, ки расонаҳо навиштанд, вай дар бораи дидораш бо сафири рус ба ноиб-президент Пенс ва мансабдорони дигари болорутба ҳақиқатро пинҳон доштааст.

Флинн гуфта буд, ки бо сафир таҳримҳои ахири зидди Русияро баррасӣ накардааст ва сӯҳбат аз табрикҳои тарафайни солинавӣ ва дигар мавзӯъҳои камаҳамият иборат буд. Аммо Додситонии кулли Амрико ба диққати Кохи сафед расонд, ки Флинн дар гуфтугӯи телефонӣ бо Кисляк дар авохири моҳи декабр масъалаи таҳримҳои нави ҳукумати Обамаро дар посух ба ҳамлаҳои интернетии рахнагарони рус дар маъракаи интихоботӣ баррасӣ кардааст. Бо пинҳон доштани ин Флинн тҳадафи шантажи Москва қарор гирифтааст.

Дар гуфтугӯ бо сафири рус Флинн ягон иттилои махфиро фош накардааст, аммо худи баррасии яке аз муҳимтарин масъалаҳо бо дипломати хориҷӣ дар давраи то ба раёсат оғоз ва тасимигирӣ кардани президенти нав вайрон кардани қоида дониста мешавад.

Хадамоти зиддиҷосусии Амрико гуфтугӯҳои телефонии Сергей Кислякро тибқи режими муқаррарӣ гӯш кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.