Эмомалӣ Раҳмон: замони истиқлолият корхонаҳои пойтахт 2,5 баробар зиёд шуданд

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки имрӯз шумораи корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ба 468 расидааст, ки нисбат ба соли 1991-ум (195 корхона) 273 корхона ё 2,5 баробар зиёд мебошад.

Имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ тавассути Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар зарфи солҳои 2006-2016 дар ҳудуди шаҳри Душанбе корҳои сохтмону азнавсозӣ ва таъмири асосии 32 иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ ба маблағи умумии якуним миллиард сомонӣ ба анҷом расонида, мавриди истифода қарор дода шуд, аз ҷумла 18 иншооти навбунёд ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ ва 14 иншоот ба маблағи 242 миллион сомонӣ таҷдиду азнавсозӣ гардид.

"Вале бояд гуфт, ки соли 2016-ум 57 корхонаи саноатӣ бо сабаби фарсудашавии таҷҳизоти технологӣ ва камбудии молиявӣ аз фаъолият бозмонда, боиси коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кам шудани ҷойҳои корӣ дар шаҳри Душанбе гардидааст, – қайд кард сарвари давлат. – Инчунин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар 160 корхона паст гардида, дар натиҷа аз 78 намуди маҳсулоти муҳимми саноатӣ истеҳсоли 31 номгӯй (40 фоиз) назар ба соли 2015 кам, 5 номгӯй маҳсулот (6,4 фоиз) умуман истеҳсол нашудааст ва дар натиҷа ҳаҷми содироти корхонаҳои саноатии пойтахт назар ба соли 2015-ум 33 фоиз коҳиш ёфтааст".

Ба гуфтаи президент, ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба иқтисодиёти шаҳри Душанбе беш аз 43 миллиард сомонӣ сармояи хориҷиро ҷалб намуд, ки қариб 70 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷии кишварро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат ҷиҳати ҳалли мушкилоти марбут ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, гармӣ, нақлиёт, таъмиру роҳҳо, маориф ва тандурустӣ дар пойтахт ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин зикр гардид, ки бо оғози лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар Душанбе беш аз 1,2 млн. ҳолатҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шуда, маблағи умумии ҷарима аз онҳо ҳудуди 73 млн. сомониро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...