Тарзҳои «хос»-и пардохт бо муштариён дар «Тоҷпромбонк»

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Яке аз бонкҳои тиҷоратии дучори мушкилоти Тоҷикистон – «Тоҷпромбонк» – ба ҳисоббаробарӣ бо муштариёни худ шитоб надорад. Ҳарчанд аввали сол давлат ба бонк барои ҳисобаробарӣ бо мизоҷон маблағ ҷудо карда бошад ҳам, саҳҳомони бонк шикоят мекунанд, ки то ҳол пулҳои худро бозпас гирифта наметавонанд.

Саҳҳомони «Тоҷпромбонк» мегӯянд, аз ҳамарӯза ба саридораи бонк рафтан, ки аз он ҳеҷ натиҷае ҳосил намешавад, хаста шуда, ҳама маблағи равуо беҳуда сарф мешаваду ҳам аз нигоҳи равониву ҷисмонӣ онҳо зиён мебинанд.

Муштариёни бонк эътироф мекунанд, ки замони фаъолияти маъмурияти муваққатӣ як каме маблағ мегирифтанд, вале баъди ба ихтиёри роҳбарони пешин супурдани он аз нимаи моҳи декабри соли гузашта, саҳҳмонро танҳо бо ваъда «сер мекунанд».

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Малоҳат Собирова, яке аз саҳҳомони бонк изҳор кард, ки онҳо танҳо маблағҳои худро бозпас гирифтанианд ва аз ин «масхарабозиҳои беохири»-и раҳбарияти бонк сар аз Бонки миллӣ то Дастгоҳи президент шикоят бурда, валеҳеҷ посухе нагифтаанд.

Маъюби гурӯҳи якум Мирзохӯҷа Самадов ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки баъди аз бонк талаб кардани фоизҳои муқарраршуда аз рӯи амонат ӯро латукӯб кардаанд.

«Муддати 4 моҳи ахир ман фоизҳои бароям муқарраршударо гирифта наметавонам ва барои гурусна намондан, қарз гирифта, акнун қарздиҳандагон маро ором намегузоранд, вале ман маблағе надорам, ки қарзҳои онҳоро баргардонам», – гуфт ин мард.

Ӯ зикр кард, ки охири моҳи январ сабру тоқатро аз даст дода, ба кабинети муовини раиси бонк Маҳмадулло Мирзоев даромадааст.

«Мирзоев посбонҳоро фарёд карда, онҳоро маро дағалона аз кабинет берун ва латукӯб карданд, – мегӯяд маъюб – Баъдан Мирзоев супориш дод, ки маро аз зинапояҳои ошёнаи дуюм поин кунанд, вале пас аз ин албатта, барои розиву ба милитсия муроҷиат накарданам, аз маблағи муқарраршуда 100 доллар доданд, то ки хомӯш бошам».

Дар ҳамин ҳол, чанде аз муштариёни бонк изҳор мекунанд, ки маблағи пулӣ дода мешавад, вале танҳо ба шиносҳои раҳбарияти бонк.

Аз муроҷиатҳои сершумори «Азия-Плюс» ба «Тоҷпромбонк» дар мавриди рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ҳеҷ натиҷа ҳосил нашуд: раҳбарияти бонк гоҳе машғул асту гоҳи дигар дар кабинеташ ҳузур надорад.

Ба дархости гуфтугӯ бо дигар шахсони масъул дар қабулгоҳи бонк посух доданд, ки бо рӯзноманигорон танҳо муовини раиси Бонк Ҷумъа Қаюмович суҳбат карда метавонад, ки айни замон дар рухсатӣ аст. Мизоҷони бонк бошанд, мегӯянд, ки Ҷумъа Эшовро раҳбарияти бонк ҳанӯз моҳи январи ҳамин сол аз вазифааш озод кардааст.

Тавре дар сомонаи бонк ишора мешавад, муассисони «Тоҷпромбонк» корхонаҳои ғайридавлатии тиҷоратии Тоҷикистон ва шахсони воқеӣ мебошанд. Сад фоиз сармояи оинномавии бонк сармояи ғайридавлатӣ буда, 5,5 фоизи сармояи оинномавии бонк ба гайрирезиденти кишвар, шаҳрванди Британияи Кабир тааллуқ дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...