Бекоршавии андози роҳи ваъдашуда амалӣ намешавад

Бекор шудани андоз барои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ваъда шуда буд, амалӣ намешавад. Вазорати молия дар ин робита изҳор намуд, ки дар сурати бекр шудани ин андоз буҷет 360 млн. сомониро аз даст медиҳад. Андоз барои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ки бекор кардани онро ҳукумат аз оғози соли равон ваъда карда буд, […]

Бекор шудани андоз барои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ваъда шуда буд, амалӣ намешавад. Вазорати молия дар ин робита изҳор намуд, ки дар сурати бекр шудани ин андоз буҷет 360 млн. сомониро аз даст медиҳад.

Андоз барои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ки бекор кардани онро ҳукумат аз оғози соли равон ваъда карда буд, дар Кодекси андоз ҳадди ақал ба муддати як соли дигар боқӣ мемонад.

Лоиҳаи тағйироти дахлдор ба Кодекси андозро аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ пагоҳ, 16 феврал дар иҷлосияи даҳум баррасӣ мекунанд.

Қаблан барои бекор кардани андози роҳ то 1 январи соли 2018 вакилони палатаи поёнии парлумон овоз дода буданд.

Вазорати молияи Тоҷикистон мухолифи бекор шудани ин навъи андоз изҳори назар карда, андешаи худро бо он асоснок намуд, ки соли 2017 аз бекор шудани он ба буҷети давлатӣ 360 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид мегардад. Аз ин рӯ, Вазорат пешниҳод кард, ки баррасии ин масъала боз як соли дигар мавқуф гузошта шавад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2012 зимни баррасӣ ва қабули Кодекси нави андоз эълон шуда буд, ки аз моҳи январи соли 2015 ҳаҷми андоз барои истифодаи роҳҳои автомобилгард коҳиш дода шуда, аз 1 январи соли 2017 пурра бекор карда мешавад.

Моҳи апрели соли 2014 дар паёми президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон низ ин масъала зикр гардида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...