Нақши калидии «IRS» дар наҷоти осебдидагон ва интиқоли воситаҳои нақлиёт ба ҷои бехавф

Нимаи дуюми дирӯз бинобар боришоти шадиди барф ва тармафароии зиёд, ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз километри 48 то 73-юми роҳи Душанбе – Чанок муваққатан боздошта шуд. Далери Абдулло, сухангӯи филиали ширкати «IRS» имрӯз дар ин робита иттилоъ дод, ки чун рӯзҳои қаблӣ 44 техникаҳои пуриқтидори филиали  ширкати «IRS» дар мавзеъ фаъолияти беист дошта, аз субҳи имрӯз […]

Нимаи дуюми дирӯз бинобар боришоти шадиди барф ва тармафароии зиёд, ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз километри 48 то 73-юми роҳи Душанбе – Чанок муваққатан боздошта шуд.

Далери Абдулло, сухангӯи филиали ширкати «IRS» имрӯз дар ин робита иттилоъ дод, ки чун рӯзҳои қаблӣ 44 техникаҳои пуриқтидори филиали  ширкати «IRS» дар мавзеъ фаъолияти беист дошта, аз субҳи имрӯз ҳаракати нақлиёт аз ҳарду ҷониб имконпазир гардид.

Тасмими мазкур ба хотири таъмини бехатарии ронандагону мусофирон гирифта шуд ва шаби гузашта бо кӯмаки бевоситаи кормандон ва техникаҳои «IRS»  150 воситаҳои нақлиёти дар банди тарма дармонда ба ҷойҳои бехавф интиқол шуданд.

Далери Абдулло аз  ҳамкориҳои ширкат бо Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ ёдовар шуда, минҷумла гуфт, ки бе ҳамбастагӣ дар ин ҷода фаъолият намудан ғайриимкон аст.

Намояндаи ширкат зикр кард, ки биноан, «IRS»  барои фаъолияти наҷотдиҳандагони Кумита дар масири мазкур шароити мусоид фароҳам намуда, онҳоро дар пойгоҳҳои хеш ҷойгир намудааст.

Ғайр аз ин, техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат барои пешбурди корҳои наҷотдиҳӣ ба кормандони Кумита мусоидат намуда, кормандони «IRS» дар ин раванд нақши калидӣ доранд.

Зимнан қайд шуд, ки рӯзҳои қаблӣ низ ибтикорооти филиали Ширкат дар робита ба масъалаи мавриди назар хеле зиёд ва арзандаи ситоиш буда, маҳз бо кӯмаки «IRS»мусофирони зиёд ва садҳо воситаҳои нақлиёт ба макони амн интиқол дода шуда, ронандагону мусофирони дармонда бо маводи хурока таъмин гардиданд.

Феълан ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳ боз буда, корҳои тоза кардани роҳ аз барф, пошидани маводи зиддилағжиш ва дигар корҳои нигоҳдории роҳ рабтдошта идома доранд, вале хатари тармафароӣ вуҷуд дошта, аз ин рӯ, аз ронандагон дархост мешавад, ки аз сафар ба ин самт муваққатан худдорӣ кунанд.

Барои дарёфти маълумоти муфассал дар бораи вазъи роҳи Душанбе – Чанок метавонед ба телефони 48-701-10-20 муроҷиат намоед ё ин гуна маълумот аз сомонаи ширкат – www.irs.tj низ қобили дарёфт аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.