Заминларза дар мавзеи наздики кӯли Сарез

Имрӯз соати 12:50 дақиқаи вақти Душанбе дар мавзеи наздики кӯли Сарез дар шарқи Тоҷикистон заминларзаи 4,7 балла рух дод. Бино ба маълумоти сомонаи Хадамоти геофизикии амрикоӣ, маркази заминларза дар 99 километр аз маркази ноҳияи Мурғоб, мавзеи ҷанубу шарқии кӯли Сарез дар чуқурии 117 километр ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи геология ва зилзилашиносии Академияи […]

Asia-Plus

Имрӯз соати 12:50 дақиқаи вақти Душанбе дар мавзеи наздики кӯли Сарез дар шарқи Тоҷикистон заминларзаи 4,7 балла рух дод.

Бино ба маълумоти сомонаи Хадамоти геофизикии амрикоӣ, маркази заминларза дар 99 километр аз маркази ноҳияи Мурғоб, мавзеи ҷанубу шарқии кӯли Сарез дар чуқурии 117 километр ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи геология ва зилзилашиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, заминларза дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе низ бо иқтидори 2 балл эҳсос шудааст.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ ин ҳодиса алҳол шарҳ дода намешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.