Президент ба писараш: Бо мардум наздик бош ва халқ туро дастгирӣ мекунад

Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолони пойтахт Президенти Тоҷикистон тасмими таъини писараш ба мансаби раиси шаҳри Душанберо шарҳ дод.

Президент қайд кард, ки ин қарори қабулшуда аз ҷониби ӯ сатҳиву бемулоҳиза нест.

«Пеш аз ба роҳбарӣ гирифтани мақомоти шаҳрдории пойтахт Рустами Эмомалӣ дар сохторҳои ҷиддии давлатӣ таҷриба андӯхта, ғайр аз ин, пӯшида нест, ки дар ҷараёни ҳалли мушкилоти пайдошудаи шаҳр, аз ҷонибе ба ӯ таъсир расонида наметавонанд», – иброз дошт сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон ба писараш тавсия дод, ки ба мардуми оддӣ наздик бошад.

«Мардуми мо хеле хайроҳу меҳрубон аст ва барои онҳо на он қадр чизи зиёд – барқи доимӣ, нархҳои начадон баланд ва кори шоиста лозим буда, онҳоро бо ин чизҳо таъмин кун ва мардум туро дастгирӣ хоҳад кард, – гуфт сарвари давлат. – Ба мардум наздиктар бошу бо онҳо тез-тез вохӯриҳо барпо кун ва на дар чорабиниҳои пуршукӯҳу қасрҳо, балки ба хонаҳои онҳо раву бо коргару хизматчии оддӣ сари як дастархон бинишин ва бо ин амалат натанҳо меҳру самимияти онҳоро ба даст меорӣ, балки дарк хоҳӣ кард, ки мардуми оддӣ чӣ тавр зиндагонӣ мекунад».

Дар мулоқот бо фаъолони пойтахт президент вазъ дар бахшҳои муҳими хоҷагидории шаҳри Душанберо муфассал мавриди баррасиву таҳлил қарор дода, ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти мавҷуда дар ҳамаи соҳаҳои идоракунии шаҳр ва мусоидат ба таъмини рушди устувор дар ин соҳаҳо ба сохторҳои масъул дастуру супоришҳо дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...