Ҳалокати 3 корманди IRS зери тарма

Date:

Се корманди ширкати хизматрасонии роҳи Innovative Road Solutions (IRS) зери тарма ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодисаи фоҷеабор шоми рӯзи шанбе, 18 феврал дар километри 72-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд рух додааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати мазур хабар доданд, фавтидагон Некрӯз Зубуров, Ҷаъфар Ёралиев ва Фахриддин Ашӯров вақти тармафароӣ ба иҷрои корҳои тозакунии роҳ машғул буда, ба сурати умум 7 нафар кормандони ширкат зери тарма мондаанд.

«Бидуни кумаки наҷотдиҳандагон  4 нафар кормандони ширкат аз зери тарма берун оварда шуданд, – гуфт сухангӯи ширкат Далери Абдулло. – Бо ҷароҳатҳои гуногун онҳо айни замон дар бемористон бистарианд».

Ба гуфтаи ӯ, ҷасадҳои ҳалокшудагон рӯзи якшанбе аз зери тарма берун гирифта шуда, имрӯз ба хок супурда мешаванд.

МЕДИА (IFRAME)

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...