Тошканд қабули ҳавопаймо аз Тоҷикистонро рад кард

Date:

Парвози ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» бо хатсайри Душанбе – Тошканд, ки имрӯз бояд ба анҷом мерасид, амалӣ нашуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ин робита иттилоъ доданд, субҳи имрӯз фурудгоҳи Тошканд ба унвони ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар бораи рад шудани парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри аввал огоҳинома ирсол карда, дар нома сабабҳои рад шудани парвоз зикр наёфтааст.

Хотиррасон шуд, ки ҳанӯз 10 феварал зимни гуфтушунидҳо дар Тошканд ба ширкати «Сомон Эйр» оид ба анҷом додани парвозҳо ба фурудгоҳи Тошканд аз 20 феврал иҷозатномаи истифодабарӣ дода шудааст, аммо имрӯз доир ба рад шудани иҷрои парвоз аз фурудгоҳи Тошканд огоҳинома расидааст.

Зимнан зикр гардид, ки бо ҳавопаймои аввал тариқи хатсайри Душанбе – Тошканд бояд 26 нафар мусофирон ба пойтахти Ӯзбекистон парвоз мекарданд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои ба таъхир афтодани ин парвоз аз ҳама мусофирон маъзарат хоста, маблағҳои харҷшудаи мусофирон бозпас баргардонида ва ҳамчунин барои чанде аз онҳо билетҳояшон  ба хатсайри Душанбе – Хуҷанд иваз карда шудааст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...