Қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳоро сабуктар карданианд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Миралӣ Достиев ва раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон»-ро таҳия намудаанд.

Дар тағйироту иловаҳо онҳо пешниҳод кардаанд, ки мавсими тобистон ба аҳолӣ иҷозат дода шавад, ки расму оинҳоро аз соати 6-и субҳ то 23-и шаб баргузор кунанд. Айни замон расму оинҳоро рӯзҳои истироҳат аз соати 8 ва рӯзҳои корӣ аз соати 18 то 23 метавон баргузор кард.

Пешниҳодҳои худро вакилон бо он асоснок кардаанд, ки мавсими тобистон вақте ки рӯзҳо дарозанд, расму оинҳоро метавон дар салқинии ҳаво барвақттар барпо кард, ки дар ин ҳолат ҳам барои меҳмонону ҳам барои соҳибони маърака барои корҳои дигар вақти зиёдтар мемонад.

Мувофиқи қонуни зикршуда, барои баргузор кардани ҳама гуна маърака ва расму оинҳои миллӣ на бештар аз се соат вақт муқаррар шудааст.

Ғайр аз ин, вакилон пешниҳод кардаанд, ки шумори иштирокчиёни маъракаҳое чун «домодталбон» ва «арӯсбинон» аз 15 то ба 20 нафар зиёд карда шавад. Айни замон ин маъракаҳо ихтиёрӣ бо аҳли оила дар ҳузури то 15 нафар гузаронида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...