Ясмин Гуедар: Дари донишгоҳҳои Фаронса барои донишҷўёни тоҷик кушода аст

Asia-Plus

Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ, ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ хонум Ясмин Гуедарро ба яке аз донишггоҳи бузурги кишвар хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки дар ин муассисаи таълимӣ беш аз 19 ҳазор донишҷўён аз рўйи беш аз 60 ихтисос дар 16 факултет таълим гирифта истодаанд.

«Дар донишгоҳ ба масоили омўзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти махсус дода шуда, донишҷўён забонҳои англисӣ, арабӣ, форсӣ, хитоӣ, немисӣ, русӣ, ўзбекӣ, ва ғайраҳо омўзонида мешавад. Мутаасифона то ҳол забони фаронсавӣ таълим дода намешавад. Ин дар ҳолест, ки мо ниёз ба омўзиши ин забони аврупоӣ дорем», – гуфт ректор.

Сафири Фаронса Ясмин Гуадер қаблан хушҳолӣ аз пешвозгирии тоҷиконаро изҳор дошт, ки бори аввал ба ин донишгоҳи бузург қадам ранҷа менамояд ва ҳавасаманди ҳамкории мутақобила, дар самти тарғиби забони фаронсавӣ, мубодилаи таҷрибаи донишгоҳҳо буда, муаммо ва мушкилоти ба пешомадаро ба мақомоти марбутаи кишвари Фаронса мерасонад.

«Дари донишгоҳҳои Фаронса барои донишҷўёни тоҷик кушода аст, мо хоҳиши таҳсили донишҷўёни фаъолу болаёқат дар кишварамон ҳастем. Дар мувофиқа бо Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси квотаи махсуси таҳсили донишҷўён да Фаронса сайъ хоҳем намуд ва бояд донишҷўён баъди таҳсил дар Ватани хеш ҳадди аққал се-чор сол кору фаъолият намоянд», – иброз дошт сафир.

Ясмин Гуадер гуфтааст, ки эҳтимоли ҷалби омўзгорони фаронсавӣ, ки имрўз ба нафақа баромадаанду шуғли амиқ надоранд дар сурати таъмини ҷойи хоб, онҳо метавонанд барои донишҷўёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров забони фаронсавиро омўзонанд.

Сафир изҳор доштааст, ки дар ояндаи наздик дар назди ДДХ ба номи кадемик Бобоҷон Ғафуров гўшаи фаронсавиро таъсис намуда, шояд дар ояндаи наздик омўзиши ихтисоси фаронсавӣ низ роҳандозӣ карда шавад.

Дар ҷараёни мулоқот муносибати ҳасанаи ду кишвар, мубодилаи илму иттилоот, табодули таҷрибаҳои донишгоҳҳои тарафҳо, тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди муҳокима мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ ба сафир китоби аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”-ро бо забони англисӣ ва намунаи эҷоди тасвирии донишҷўёнро тақдим кард.

Сипас, сафири Фаронса Ясмин Гуадер дар Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳонаш аз факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ дидан намуд. Бояд гуфт, ки ҷараёни сафари сафири Фаронсаро муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...