Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Идомаи сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон. Дар шаҳри Душанбе аз соати 10:00 то 12:30 ҳаракати воситаи нақлиёт аз кӯчаҳои Нурулло Ҳувайдуллоев то Низоми Ганҷавӣ, хиёбони И.Сомонӣ, аз хиёбони А.Сино, тавассути хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ, Аҳмади Дониш ва М.Мастонгулов то фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маҳдуд карда мешавад; – Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ миёни […]

Asia-Plus

АНОНС

– Идомаи сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон. Дар шаҳри Душанбе аз соати 10:00 то 12:30 ҳаракати воситаи нақлиёт аз кӯчаҳои Нурулло Ҳувайдуллоев то Низоми Ганҷавӣ, хиёбони И.Сомонӣ, аз хиёбони А.Сино, тавассути хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ, Аҳмади Дониш ва М.Мастонгулов то фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маҳдуд карда мешавад;

– Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ миёни дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор (Тоҷикистон) ва «Дордой»-и Қирғизистон бозии ҷавобии марҳилаи дарёфти роҳхат ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 доир мегардад;

– Варзишгарони тоҷик мавсими байнулмилалиро расман дар Тошканд (28 феврал – 2 март) дар мусобиқаи кишварҳои Осиёи Марказӣ миёни наврасону ҷавонон оғоз мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.9897 сомонӣ;

1 евро – 8.4595 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1362 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1992 – Таъсиси газетаи «Нидои ранҷбар», нашрияи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон.

2000 — Интихоботи нахустин ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд.

2010 — Дар кишвар интихобот ба Маҷлиси намояндагони ва маҷлисҳои маҳаллии ваиклони халқ доир гардид.

2011 – Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҷонибдорони ӯ аслиҳаашонро супурданд.

2013 — Палатаи болоии парлумон қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО»-ро тасдиқ кард.

1927 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Юсуфшо Яъқубов.

1936 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, арбоби давлатӣ Акбар Ҷӯраев.

1939 – Зодрӯзи шарқшинос Матин Ҳусейнзода.

1948 – Мавлуди актриса, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҳалима Эркаева.

1951 – Зодрӯзи сарояндаи эстрада, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Умар Зиёев.

1954 – Мавлуди собиқ муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов.

1962 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шомуддинов.

1965 – Мавлуди олим Маҳмад Шодиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+4, рӯзона +9+11; дар доманакӯҳҳо шабона -1+1, рӯзона +1+6.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳо каме борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +7+12.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -7-12, рӯзона -4+1; дар шарқ шабона -25-30, рӯзона -9-14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо боришот дар назар аст.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +2+7. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +10+12.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона +2+4.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.