Имзои 6 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия

Asia-Plus

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин нимаи дуюми рӯзи 27 феврал бо сафари расмии навбатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Владимир Путинро сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Баъдан дар саҳни бинои Қасри миллат маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, баргузор шуд.

Худи ҳамин рӯз дар Қасри миллат мулоқоти хоссаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин доир гардида, Владимир Путин Президенти Тоҷикистонро барои саҳми бузург ва талошҳои созандаю иқдомҳои пайваста дар роҳи рушду тавсеаи бесобиқаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Россия бо мукофоти олии Федератсияи Россия Ордени Александр Невский сарфароз намуд.

Баррасии масоили марбут ба муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун ва муштаракоти стратегии Тоҷикистону Россия ба таври мушаххас дар музокироти сатҳи баланд бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфт.

Баъди анҷоми музокироти байнидавлатӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул шуд.

Сипас дар ҳузури сарони ду 6 санади нави ҳамкорӣ:

– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи фелдегерии ҳарбии почта;

– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна;

– Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

– Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ;

– Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2017 ба имзо расид.

Сипас барои намояндагони васоити ахбори умум аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Изҳорот барои матбуот пешниҳод гардид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...