Кумаки башардӯстонаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 60 тонна кумаки башардӯстона мефиристад. Бо дастури президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ҳукумати ин кишвар дар бораи расонидани кумаки башардӯстона ба сокинони минтақаҳои аз тармафароӣ осебдидаи Тоҷикистон, ки натанҳо ба хисороти иқтисодии зиёд, балки ба талафоти ҷонӣ низ боис гардид, қарор қабул кардааст. Дар сомонаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 60 тонна кумаки башардӯстона мефиристад.

Бо дастури президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ҳукумати ин кишвар дар бораи расонидани кумаки башардӯстона ба сокинони минтақаҳои аз тармафароӣ осебдидаи Тоҷикистон, ки натанҳо ба хисороти иқтисодии зиёд, балки ба талафоти ҷонӣ низ боис гардид, қарор қабул кардааст.

Дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки ҳаҷми умумии кумаки башардӯстона ба мардуми Тоҷикистон қариб 60 тоннаро ташкил дода, он аз маҳсулоти ғизойӣ, дорувории тиббӣ, масолеҳи сохтмон, ангишт, сарулибоси гарм ва дигар молу маҳсулоти ниёзи аввалия иборат аст.

Ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон дастур дода шудааст, ки ҳамоҳангсозии корҳо оид ба ташкилу таҳвил ва расонидани ин кумак ба Тоҷикистонро таъмин намояд.

«Тасмими Ӯзбекистон дар бораи расонидани кумаки башардӯстона боз як намунаи муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо ва мардуми мост, ки ба дӯстии анъанавӣ ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтааст», – қайд мешавад дар маълумоти ВКХ Ӯзбекистон. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.