Маълумоти СММ доир ба шумори рекордии кӯдакони ҳалокшуда дар Сурия

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Бунёди атфоли СММ ё ЮНИСЕФ дар гузориши охираш менависад, ки соли 2016 дар Сурия бештар аз 650 кӯдак қурбони ҷанг шудааст, ки давоми се соли охири сабти омори маргу мир шумори рекордӣ аст.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, дар ҳамин ҳол, соли гузашта бевосита дар дохил ё наздики мактабҳо ҳадди ақал 255 кӯдак кушта шудаанд. Бар илова садҳо тани дигар аз бемориҳое, ки мумкин буд, бо дарёфти дору ва табиб шифо ёфт ва ҷони онҳоро наҷот дод, фавтидаанд, омадааст дар гузориш.

Бино бар гузориши ЮНИСЕФ, соли гузашта ҳадди ақал 852 кӯдак маҷбур буд, ки аз ҷониби яке аз гуруҳҳои мусаллаҳ дар ҷангҳо ширкат кунад. Ин нишондод нисбати соли 2015 ду баробар бештар аст.

Наздики 6 миллион кӯдак дар Сурия муҳтоҷи кумакҳои башардӯстона ва 250 ҳазори дигар дар минтақаҳои муҳосирашуда аз ин кумакҳо маҳруманд. Тақрибан 2 миллион кӯдаки сурёнӣ имкон надоранд, ки ба мактаб раванд.

Низоъи мусаллаҳона дар Сурия аз моҳи марти соли 2011 инҷониб идома дорад. Дар ин муддат бештар аз 300 ҳазор одам кушта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...