Маълумоти СММ доир ба шумори рекордии кӯдакони ҳалокшуда дар Сурия

Бунёди атфоли СММ ё ЮНИСЕФ дар гузориши охираш менависад, ки соли 2016 дар Сурия бештар аз 650 кӯдак қурбони ҷанг шудааст, ки давоми се соли охири сабти омори маргу мир шумори рекордӣ аст. Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, дар ҳамин ҳол, соли гузашта бевосита дар дохил ё наздики мактабҳо ҳадди ақал 255 кӯдак […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Бунёди атфоли СММ ё ЮНИСЕФ дар гузориши охираш менависад, ки соли 2016 дар Сурия бештар аз 650 кӯдак қурбони ҷанг шудааст, ки давоми се соли охири сабти омори маргу мир шумори рекордӣ аст.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, дар ҳамин ҳол, соли гузашта бевосита дар дохил ё наздики мактабҳо ҳадди ақал 255 кӯдак кушта шудаанд. Бар илова садҳо тани дигар аз бемориҳое, ки мумкин буд, бо дарёфти дору ва табиб шифо ёфт ва ҷони онҳоро наҷот дод, фавтидаанд, омадааст дар гузориш.

Бино бар гузориши ЮНИСЕФ, соли гузашта ҳадди ақал 852 кӯдак маҷбур буд, ки аз ҷониби яке аз гуруҳҳои мусаллаҳ дар ҷангҳо ширкат кунад. Ин нишондод нисбати соли 2015 ду баробар бештар аст.

Наздики 6 миллион кӯдак дар Сурия муҳтоҷи кумакҳои башардӯстона ва 250 ҳазори дигар дар минтақаҳои муҳосирашуда аз ин кумакҳо маҳруманд. Тақрибан 2 миллион кӯдаки сурёнӣ имкон надоранд, ки ба мактаб раванд.

Низоъи мусаллаҳона дар Сурия аз моҳи марти соли 2011 инҷониб идома дорад. Дар ин муддат бештар аз 300 ҳазор одам кушта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.