Шаҳрдории Душанбе алҳол намедонад, ки бо Шотемур ва Махсум чӣ кор кунад

Ба куҷо кӯчонидани лавҳаҳои ёдгории Қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум, ки дар бинои Вазорати кишоварзӣ насб шудаву ин бино ояндаи наздик кӯчонида мешавад, алҳол маълум нест. Дар мақомоти шаҳрдории пойтахт дар посух ба ин савол душворӣ кашида, изҳор намуданд, ки ин масъала алҳол ҳал нашудааст. Ғайр аз ин лавҳаҳо дар бинои Вазорати кишоварзии […]

Ба куҷо кӯчонидани лавҳаҳои ёдгории Қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум, ки дар бинои Вазорати кишоварзӣ насб шудаву ин бино ояндаи наздик кӯчонида мешавад, алҳол маълум нест.

Дар мақомоти шаҳрдории пойтахт дар посух ба ин савол душворӣ кашида, изҳор намуданд, ки ин масъала алҳол ҳал нашудааст.

Ғайр аз ин лавҳаҳо дар бинои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ лавҳаҳо бахшида ба Абдураҳим Ҳоҷибоев, нахустин раиси Шӯрои комиссарони халқ (Совнарком)-и Тоҷикистон (солҳои 1929-1933) ва Маҳмадалӣ Қурбонов раиси ин Шӯро дар солҳои 1937-1946, ки замони раисиаш нахустин нерӯгоҳи барқи обии Варзоб ва иншооти асосӣ дар пойтахт сохта шудаанд, низ вуҷуд доранд. Ҳамчунин замони раисии Қурбонов Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷанги Бузурги Ватаниро паси сар кард.

Ба гуфтаи таърихшиноси тоҷик Ғафур Шерматов, ҷой барои насби лавҳаҳои ёдгорӣ дар бинои Вазорати кишоварзӣ тасодуфӣ нест, зеро гап сари он меравад, ки пештар дар ин қисмат бинои Шӯрои комиссарони халқи ҶШС Тоҷикистон ҷойгир шуда, дар он Шотемур, Махсум, Ҳоҷибоев ва Қурбонов кор кардаанд. Қисмати асосии бино солҳои 60-уми асри гузашта бунёд шудааст.

«Ин бинои қадимтарини Душанбе ва аввалин бинои ҳукумати ҷумҳурӣ аст, шарҳ медиҳад ӯ. – Дар ин бино қарорҳои барои кишвар сарнавишстсоз қабул шуда, он соли 1933 сохта шуд ва дар Тоҷикистон дигар биное нест, ки дар он Шотемур ва Махсум кор карда бошанд».

Номбурда бар ин назар аст, ки кӯчонидани бинои нахустини мақомоти шаҳрдорӣ ва парлумон хароб кардани таҳкурсии таърихи худ мебошад.

«Масалан, бинои парлумони Британияи Кабир муддати 600 сол побарҷост, ки ин амал арҷгузорӣ ба таърихи худ ва аз насл ба насл гузаштани анъанаҳост, – мегӯяд Шерматов. – Мо бошем, ихтиёрӣ аз он даст мекашем». 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.