Гароншавии навбатии барқ ба аҳолӣ дахл накард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки тарифҳо барои истифодаи нерӯи барқро барои бархе аз истеъмолгарон боло баранд. Ин гароншавии барқ ба аҳолӣ дахл надорад.

Мувофиқи қарори ба имзо расида аз 24 феврали соли равон, дастур дода шудааст, ки аз 8 дараҷаи истифодабарандагони нерӯи барқ барои 4 дараҷа тарифҳо зиёд карда шаванд.

Барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ тарифҳо дар сатҳи 14,65 дирам (қаблан – 14,20 дирам) барои 1 кВт/соат, барои нақлиёти барқӣ – 14,65 дирам (қаблан – 9,55 дирам), пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ – 5,1 дирам (пештар – 2,55 дирам) аз 1 апрел то 30 сентябр ва 14,65 дирам (пештар – 9,55 дирам) аз 1 октябр то 31 март, барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 5,1 дирам (қаблан – 2,55 дирам) муқаррар шудааст.

Дар қарори ҳукумат супориш дода шудааст, ки маблағи пардохти истифодаи нерӯи барқ аз рӯи тарифҳои нав аз 1 январ ҳисоб карда шавад.

Тарифҳо барои аҳолӣ, Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО), истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ, ҳамчунин истифодаи барқ дар дегҳо ва таҷҳизоти барқӣ бо мақсади таъмини биноҳо бо оби гарм ва гармӣ дар сатҳи пешина боқӣ мемонад.

Ба Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ ва ШСХК «Барқи тоҷик» дастур дода шудааст, ки бар асоси ин қарор ба нархнома аз 1 октябри соли 2016 тағийроти дахлдор ворид намоянд.

Қобили зикр аст, ки болоравии нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон ахиран 1 ноябри соли гузашта сурат гирифта, айни замон аҳолӣ барои 1 кВт/соат нерӯи барқ 14,65 дирам маблағ пардохт мекунад.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» маълумот дар бораи болоравии тарифҳои истифодаи нерӯи барқро тасдиқ карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...