Гароншавии навбатии барқ ба аҳолӣ дахл накард

Ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки тарифҳо барои истифодаи нерӯи барқро барои бархе аз истеъмолгарон боло баранд. Ин гароншавии барқ ба аҳолӣ дахл надорад. Мувофиқи қарори ба имзо расида аз 24 феврали соли равон, дастур дода шудааст, ки аз 8 дараҷаи истифодабарандагони нерӯи барқ барои 4 дараҷа тарифҳо зиёд карда шаванд. Барои истеъмолгарони […]

Ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки тарифҳо барои истифодаи нерӯи барқро барои бархе аз истеъмолгарон боло баранд. Ин гароншавии барқ ба аҳолӣ дахл надорад.

Мувофиқи қарори ба имзо расида аз 24 феврали соли равон, дастур дода шудааст, ки аз 8 дараҷаи истифодабарандагони нерӯи барқ барои 4 дараҷа тарифҳо зиёд карда шаванд.

Барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ тарифҳо дар сатҳи 14,65 дирам (қаблан – 14,20 дирам) барои 1 кВт/соат, барои нақлиёти барқӣ – 14,65 дирам (қаблан – 9,55 дирам), пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ – 5,1 дирам (пештар – 2,55 дирам) аз 1 апрел то 30 сентябр ва 14,65 дирам (пештар – 9,55 дирам) аз 1 октябр то 31 март, барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 5,1 дирам (қаблан – 2,55 дирам) муқаррар шудааст.

Дар қарори ҳукумат супориш дода шудааст, ки маблағи пардохти истифодаи нерӯи барқ аз рӯи тарифҳои нав аз 1 январ ҳисоб карда шавад.

Тарифҳо барои аҳолӣ, Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО), истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ, ҳамчунин истифодаи барқ дар дегҳо ва таҷҳизоти барқӣ бо мақсади таъмини биноҳо бо оби гарм ва гармӣ дар сатҳи пешина боқӣ мемонад.

Ба Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ ва ШСХК «Барқи тоҷик» дастур дода шудааст, ки бар асоси ин қарор ба нархнома аз 1 октябри соли 2016 тағийроти дахлдор ворид намоянд.

Қобили зикр аст, ки болоравии нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон ахиран 1 ноябри соли гузашта сурат гирифта, айни замон аҳолӣ барои 1 кВт/соат нерӯи барқ 14,65 дирам маблағ пардохт мекунад.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» маълумот дар бораи болоравии тарифҳои истифодаи нерӯи барқро тасдиқ карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.