Баҳси мавқеи ҳарфи «ц» дар забони тоҷикӣ идома дорад

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Олимони тоҷик пешниҳод кардаанд, ки истифодаи ҳарфи «Ц» дар навиштани номҳои шахсӣ, ба гунаи мисол номи сиёсатмадорону олимон ва арбобони ҷамъиятии рус ва хориҷӣ бекор карда шавад.

Мудири шуъбаи забони тоҷикии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Мирзоев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки қаблан аз алифбои тоҷикӣ ҳарфи «ц»-ро» хориҷ карданд, чунки дар забони тоҷикӣ он умуман вуҷуд надошт.

Ҳарфҳои «ц», «щ», «ы» ва «ь», ки русӣ дониста мешуданд, аз алифбои тоҷикӣ ҳанӯз нимаи солҳои 90-уми асри гузашта хориҷ шуда буданд.

Акнун олимон пешниҳод доранд, ки аз номҳои шахсон низ ин ҳарф гирифта шуда, масалан дар сурати қабули ин пешниҳод, Цукерберг ба забони тоҷикӣ – Сукерберг, Ельцин – Елсин, Цеткин – Сеткин навишта мешавад. Дар исмҳои ҷинс ин ҳарф иваз шудааст, ба мисли семент (цемент), сирк (цирк), консерт (концерт) ва ғайра.

Ӯ хотиррасон намуд, ки дар банди 13-и лоиҳаи забони нави тоҷикӣ зикр гардидааст, ки ҳарфи «Ц» дар исмҳои хос дар забони тоҷикӣ истифода мешавад.

«Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Академияи илмҳо пешниҳод намуд, ки ҳарфи «Ц» комилан ба алифбои мо баргардонида шавад ё аз банди 13-и алифбои тоҷикӣ шарҳу тавзеҳ доир ба дар исмҳои хос истифода шудани ин ҳарф гирифта шавад, зеро ин ба қоидаҳо мутобиқ нест», – мегӯяд Сайфиддин Мирзоев.

Ба қавли номбурда, гурӯҳи корӣ аз ҳисоби олимони забоншинос ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор дода, хотима додани истифодаи ҳарфи «Ц» дар исмҳои хосро низ пешниҳод мекунад. Пешниҳодҳо барои маъқул шуморидан ба парлумон ирсол мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...