Машқҳои касбии нерӯҳои амнияти ИМА ва Тоҷикистон

Иттилоияи расмӣ

Вазорати мудофиаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои амнияти Тоҷикистон машқҳои касбӣ баргузор мекунад.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ин машқҳои аз 27 март то 7 апрели доир гардида, дар он тақрибан 150 намояндаи ИМА ва 100 нафар намояндаи Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, машқҳо ба тадбирҳои зиддибӯҳронӣ бахшида шуда, иборат аз сенарияҳои шабеҳсозишуда барои мусоидат ба фаъолияти мутобиқшудаи шарикон дар мубориза бар зидди терроризми трансмиллӣ мебошанд. Аксари ин машқҳо дар тамрингоҳҳои ҳарбӣ дар саросари Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Бо вуҷуди ин, як қисми хурди онҳо дар ҷойҳои дигари аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида баргузор мегарданд.

Тавре Президент Трамп дар паёми худ ба Президент Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, маъмурияти Президент Трамп умедвор аст, ки "дар якҷоягӣ ҳадафҳои умумии амният ва суботи минтақавиро пеш мебаранд".

Машқҳои мазкур барои пурзӯр намудани амният ва субот дар минтақа, тавассути васеъ намудани имкониятҳо ва ҳамоҳангсозии байни нерӯҳои амнияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон тарҳрезӣ шудаанд. Ҳамкории қисмҳои ҳарбӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ, таҳкими иқтидори мутақобила ва мусоидат дар суботи минтақавии дарозмуддат ва амалиёти муштарак байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон равона шудааст.

Моҳи феврал Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 25-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатиро ҷашн гирифтанд ва аз 1,8 млрд. доллари ИМА, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун кўмак ба Тоҷикистон ҷудо гардидааст, 262 миллион доллари ИМА барои дастгирии бахши амният ҷудо карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...