Ба ивази Душанбе ба «Ямал» Кӯлоб пешниҳод шуд

Мақомоти нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии «Ямал»-и Русия ба ивази Душанбе парвозҳо аз фурудгоҳи «Жуковский»-и вилояти Маскав ба шаҳри Кӯлобро пешниҳод намуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, мактуб бо ин мазмун ба мақомоти авиатсионии Русия ҳафтаи гузашта ирсол шудааст. «Айни замон ин пешниҳоди мо мавриди омӯзишу баррасии ҷониби Русия қарор дошта, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мақомоти нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии «Ямал»-и Русия ба ивази Душанбе парвозҳо аз фурудгоҳи «Жуковский»-и вилояти Маскав ба шаҳри Кӯлобро пешниҳод намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, мактуб бо ин мазмун ба мақомоти авиатсионии Русия ҳафтаи гузашта ирсол шудааст.

«Айни замон ин пешниҳоди мо мавриди омӯзишу баррасии ҷониби Русия қарор дошта, рӯзҳои наздик зимни гуфтушуниди тарафҳо ин масъала пурра ҳаллу фасл хоҳад шуд», – гуфтанд дар Вазорат.

Қобили зикр аст, ки дар мавсими зимистон Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи «Жуковский» иҷозат надода буд.

Дар навбати худ Русия парози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Русияро маҳдуд кард.

Баъди гуфтушунидҳои моҳи январ ҷонибҳо дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳо нисбати ширкати «Сомон Эйр» ба ивази аз оғози мавсими тобистон роҳандозии парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба пойтахти Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.