Машқҳои касбии нерӯҳои амнияти ИМА ва Тоҷикистон

Вазорати мудофиаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои амнияти Тоҷикистон машқҳои касбӣ баргузор мекунад. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ин машқҳои аз 27 март то 7 апрели доир гардида, дар он тақрибан 150 намояндаи ИМА ва 100 нафар намояндаи Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард. Гуфта мешавад, машқҳо ба тадбирҳои зиддибӯҳронӣ бахшида шуда, […]

Иттилоияи расмӣ

Вазорати мудофиаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои амнияти Тоҷикистон машқҳои касбӣ баргузор мекунад.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ин машқҳои аз 27 март то 7 апрели доир гардида, дар он тақрибан 150 намояндаи ИМА ва 100 нафар намояндаи Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, машқҳо ба тадбирҳои зиддибӯҳронӣ бахшида шуда, иборат аз сенарияҳои шабеҳсозишуда барои мусоидат ба фаъолияти мутобиқшудаи шарикон дар мубориза бар зидди терроризми трансмиллӣ мебошанд. Аксари ин машқҳо дар тамрингоҳҳои ҳарбӣ дар саросари Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Бо вуҷуди ин, як қисми хурди онҳо дар ҷойҳои дигари аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида баргузор мегарданд.

Тавре Президент Трамп дар паёми худ ба Президент Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, маъмурияти Президент Трамп умедвор аст, ки "дар якҷоягӣ ҳадафҳои умумии амният ва суботи минтақавиро пеш мебаранд".

Машқҳои мазкур барои пурзӯр намудани амният ва субот дар минтақа, тавассути васеъ намудани имкониятҳо ва ҳамоҳангсозии байни нерӯҳои амнияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон тарҳрезӣ шудаанд. Ҳамкории қисмҳои ҳарбӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ, таҳкими иқтидори мутақобила ва мусоидат дар суботи минтақавии дарозмуддат ва амалиёти муштарак байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон равона шудааст.

Моҳи феврал Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 25-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатиро ҷашн гирифтанд ва аз 1,8 млрд. доллари ИМА, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун кўмак ба Тоҷикистон ҷудо гардидааст, 262 миллион доллари ИМА барои дастгирии бахши амният ҷудо карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.