Автомашина аз купрӯк ба Сирдарё чаппа шуд

Дар маркази маъмурии вилояти Суғд шаби рӯзи 19 март як автомашина аз болои купрӯхкба Сирдарё чаппа шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” марди 28-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони канори роҳ бархӯрда, автомашинаро аз болои купрӯк […]

Asia-Plus

Дар маркази маъмурии вилояти Суғд шаби рӯзи 19 март як автомашина аз болои купрӯхкба Сирдарё чаппа шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” марди 28-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони канори роҳ бархӯрда, автомашинаро аз болои купрӯк ба дарёи “Сир” чаппа намудааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, худи ронанда ва мусофири автомашина марди 22-солаи сокини шаҳри Душанбе шино карда, ба соҳили дарё баромада, мусофири дигари автомашинаи мазкур марди 24-солаи сокини шаҳри Хоруғ аз дохили дарё то ҳол дарёфт нашудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки барои дарёфт намудани ҷасади ҷавони ғарқшуда ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ таъсис дода шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

https://www.youtube.com/watch?v=ywnqDmvu0wU

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.