Даргузашти санъатшиноси маъруфи тоҷик Низом Нурҷонов

Низом Нурҷонов, яке аз санъатшиносони маъруфи Тоҷикистон пас аз бемории тӯлонӣ дар синни даргузашт. Доктори илми санъатшиносӣ ва профессори шинохта, ки дар тӯли умри худ драма, операву балет, рақс ва фолклору мусиқии тоҷикро таҳқиқ кардааст, рӯзи 18-уми март дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Наздикони донишманди тоҷик чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ӯ […]

Радиои Озодӣ

Низом Нурҷонов, яке аз санъатшиносони маъруфи Тоҷикистон пас аз бемории тӯлонӣ дар синни даргузашт. Доктори илми санъатшиносӣ ва профессори шинохта, ки дар тӯли умри худ драма, операву балет, рақс ва фолклору мусиқии тоҷикро таҳқиқ кардааст, рӯзи 18-уми март дар Душанбе аз олам чашм пӯшид.

Наздикони донишманди тоҷик чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ӯ бемори бистарист ва қудрати ҳаракат кардан надорад. Низом Нурҷонов то кунун дар Душанбе ҳамроҳ бо духтараш зиндагӣ мекард. Писараш бо хонавода муқими Олмон аст.

Низом Нурҷонов, яке аз мунаққидони барҷастаи театрӣ ва ҳам пажӯҳишгари рақси миллии тоҷикӣ буд ва бо мусоидати ӯ дар соли 1958 дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон шӯъбаи таърихи санъат таъсис ёфт ва нахустин мудири шӯъба ҳам худи Низом Нурҷонов таъйин шуд.

«Нахустин театри касбӣ», Таърихи театри шӯравии тоҷик», «Театри Суннатии Тоҷикон», «Олами Беканори Рақси Тоҷик» чанде аз китобҳои донишманди шинохтаи тоҷик аст. Дар китобаш бо номи «Театри суннатии тоҷикон», ки соли 2002 нашр шуд, Низом Нурҷонов мегӯяд, ки мардуми Тоҷикистон, ягона мардум дар Осиёи Марказӣ аст, ки ҳафт наъви театри суннатиро дорад.

Дар китоби «Олами беканори рақси тоҷик», ки соли 2014 нашр шуд, ӯ дар бораи таърихи чандҳазорсолаи рақси мардуми Осиёи Марказӣ бахусус дар бораи рақсҳои занона ва мардонаи тоҷикӣ навиштааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...