Танаффуси дуҳафтаина дар мусобиқаи Лигаи олии футбол

Дастаи футболи «Панҷшер» пас аз бозгашт ба Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба пирӯзии аввалин ноил гардид. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ҳисоби 1 бар 0 бар дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дастболо шуда, тӯби ягонаро дар дақиқаҳои иловашудаи қсми дуюми бозӣ Сорбон Афғонов ба ҳадаф расонид. Гуфта мешавад, пас аз се давр […]

Asia-Plus

Дастаи футболи «Панҷшер» пас аз бозгашт ба Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба пирӯзии аввалин ноил гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ҳисоби 1 бар 0 бар дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дастболо шуда, тӯби ягонаро дар дақиқаҳои иловашудаи қсми дуюми бозӣ Сорбон Афғонов ба ҳадаф расонид.

Гуфта мешавад, пас аз се давр дастаи «Ҳосилот» (н.Фархор) бо 6 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсаф буда, «Регар-ТадАЗ» (ш. Турсунзода) бо 5 иимтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва Панҷшер» 4-имтиёзӣ доранд, вале «Истиқлол» як бозӣ камтар гузаронидааст.

Акнун дар мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дар робита ба бозиҳои дастаи мунтахаби футболи ҷумҳурӣ бо Баҳрайн (23 март) ва Яман (28 март) танаффуси дуҳафтаина сурат мегирад.

Бозиҳои даваи чоруми мусобиқа рӯзҳои 1-2 апрел баргузор мешаванд. Дар ин давр «Панҷшер» бо КМВА «Помир», «Барқчӣ» бо «Вахш» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Ҳосилот» бозӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.