ВКД ва шаҳрдории пойтахт кори тарабхонаҳоро баъди соати 11 манъ накардаанд

Мақомоти шаҳрдории Душанбе дар бораи манъи кори тарабхонаҳо баъди соати 11-и шаб дастур надодааст. Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ва ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, тарабхонаҳо метавонанд тибқи реҷаи пешина кор кунанд. Моликони чанде аз тарабхонаҳои Душанбе ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки муддати чандин рӯз дар шаҳрҳо рейдҳо гузаронида шуда истодаанд. «Чанд нафаре […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Мақомоти шаҳрдории Душанбе дар бораи манъи кори тарабхонаҳо баъди соати 11-и шаб дастур надодааст. Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ва ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, тарабхонаҳо метавонанд тибқи реҷаи пешина кор кунанд.

Моликони чанде аз тарабхонаҳои Душанбе ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки муддати чандин рӯз дар шаҳрҳо рейдҳо гузаронида шуда истодаанд.

«Чанд нафаре назди мо омада, худро кормандони милитсия муаррифӣ карданд ва гуфтанд, ки мо акнун танҳо то соати 23 кор карда метавонем, – гуфтанд онҳо. – Лекин касе сабаби инро намегӯяд, танҳо мегӯянд, ки кормандони милитсия мебошанд, вале ҳеҷ кас ҳуҷҷат нишон надодааст».

Корманди яке аз тарабхонаҳо хотиррасон намуд, ки чанд сол пеш қароре қабул шуда буд, ки мувофиқи он тарабхонаҳо метавонистанд ҳатто то субҳ кор кунанд, вале соати 11 бояд мусиқиро қатъ кунанд. «Вале имрӯз кор кардан ҳам намемонанд», – гуфт ӯ.

Дар ВКД Тоҷикистон ин маълумотро тасдиқ накарда, зикр карданд, ки дар ин хусус супорише нест ва тавсия доданд, ки ба мақомоти шаҳрдорӣ муроҷиат кунем.

«Дар мақомоти шаҳрдорӣ чунин дастур содир нашудааст, – гуфт ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Абдулмаҷид Усмонов. – Тарабхонаҳо метавонанд мувофиқи тартиби пешинаи худ кор кунанд».

Дар ҳамин ҳол, нимаи дуюми моҳи феврал ВКД Тоҷикистон бо нашри эълон дар сомонаи расмии худ аз ҳамаи шаҳрвандон дархост намуд, ки ҳузури фарзандони то 20-соларо дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ (тарабхонаҳо, интернет-кафеҳо, идораҳои букмекерӣ) манъ кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.