Cӯхтор дар бинои парлумони Тоҷикистон

Субҳи рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар бинои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ сӯхтор ба амал омад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 18-уми марти соли 2017, соати 07:27-дақиқа ба Хадамоти оташнишонии ВКД хабар расидааст, ки дар яке аз утоқҳои бинои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оташ сар задааст. Гуфта мешавад, ҳангоми расидан ба ҷои ҳодиса […]

Asia-Plus

Субҳи рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар бинои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ сӯхтор ба амал омад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 18-уми марти соли 2017, соати 07:27-дақиқа ба Хадамоти оташнишонии ВКД хабар расидааст, ки дар яке аз утоқҳои бинои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оташ сар задааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми расидан ба ҷои ҳодиса маълум шудааст, ки дар утоқи қабули шаҳрвандон сӯхтор ба амал омадааст.

Ба иттилои манбаъ, ду дастаи автомашинаи сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар ва сӯхтор сари вақт хомӯш карда шудааст.

Зикр мегардад, ки сабаби сар задани сӯхтор аз рӯи хулосаи пешакӣ аз гармшавии ноқилҳои компютерҳо сар задааст. Дар вақти санҷиш маълум карда шуд, ки ба утоқҳои корӣ зарари ҷиддӣ нарасидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.