Маҳмадсаид Убайдуллоев бо нишони фахрии Шӯрои Федератсияи Русия қадрдонӣ шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар ҳошияи иҷлосияи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ (АБП ИДМ) дар шаҳри Санкт-Петербург раиси Шӯрои Федератсияи Русия, ҳамзамон раиси АБП ИДМ Валентина Матвиенко рӯзи 27 март бо раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии АБП ИДМ, зимни вохӯрӣ Матвиенко қайд кардааст, ки тӯли 25 соли фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил АБП ба сифати иттиҳоди маъруфи байнулмилалии ҳамгиройӣ ва майдони муҳими муколама муҳимияти худро тасдиқ кард.

«Муколамаҳои пурмаҳсул миёни парлумонҳои кишварҳои мо ба табодули назар доир ба масоили бештар муҳими муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар шаклҳои бисёрҷониба имкон фароҳам меоварад», – изҳор доштааст Матвиенко.

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия таъкид доштааст, ки ҳайати Тоҷикистон дар фаъолияти АБП ИДМ фаъолона ширкат меварзад. Ӯ ба Маҳмадсаид Убайдуллоев нишони фахрии Шӯрои Федератсия «Барои рушди парламентаризм»-ро тақдим намуд.

Дар навбати худ раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр кардааст, ки АБП ИДМ-ро яке аз майдонҳои муҳиму зарурии муколамаи байнипарлумонӣ мешуморад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...