Суд Навалнийро ба 15 рӯзи зиндон маҳкум кард

Додгоҳи Русия, Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлат дар Русия ва фаъоли мубориза бо фасодро барои нофармонӣ ба маъмурони пулис ба 15 рӯзи зиндон маҳкум кард. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ӯро рӯзи 27-уми март дар маркази Маскав дастгир карданд. Пештар аз ин ҳукм, Алексей Навалнийро барои ташкили тазоҳуроти ғайриқонунӣ 20 ҳазор рубл ва ё 350 […]

Радиои Озодӣ

Додгоҳи Русия, Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлат дар Русия ва фаъоли мубориза бо фасодро барои нофармонӣ ба маъмурони пулис ба 15 рӯзи зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ӯро рӯзи 27-уми март дар маркази Маскав дастгир карданд. Пештар аз ин ҳукм, Алексей Навалнийро барои ташкили тазоҳуроти ғайриқонунӣ 20 ҳазор рубл ва ё 350 доллар ҷарима бастанд.

Навалнийро рӯзи 26-уми март пеш аз онки ба тазоҳургарон дар Маскав бипайвандад дастгир карданд. Ӯ аз мардум хоста буд барои ширкат дар раҳпаймоӣ ба зидди фасод ба кӯчаҳо бароянд.

Мақомоти Русия ба Алексей Навалний иҷоза надода буданд, ки дар маркази Маскав тазоҳурот ташкил кунад, зеро ба гуфтаи онҳо, тазоҳурот метавонист, сабаби халалдор шудани низом дар маркази шаҳр шавад. Навалний гуфтааст, ки иддао асос надорад ва тазоҳурот қонунӣ аст.

Маъмурони пулиси Русия ҳамчунин садҳо нафар аз тазоҳургаронро, ки дар раҳпаймоиҳо ба зидди коррупсия дар саросари Русия ширкат доштанд, дастгир карданд. Тазоҳурот баъди раҳпамойиҳои соли 2012 бузургтарин эътироз дар Русия ба шумор меравад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.