Маҳмадсаид Убайдуллоев бо нишони фахрии Шӯрои Федератсияи Русия қадрдонӣ шуд

Дар ҳошияи иҷлосияи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ (АБП ИДМ) дар шаҳри Санкт-Петербург раиси Шӯрои Федератсияи Русия, ҳамзамон раиси АБП ИДМ Валентина Матвиенко рӯзи 27 март бо раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дидору гуфтушунид кард. Бино ба маълумоти сомонаи расмии АБП ИДМ, зимни вохӯрӣ Матвиенко қайд кардааст, ки тӯли 25 соли фаъолияти Иттиҳоди […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар ҳошияи иҷлосияи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ (АБП ИДМ) дар шаҳри Санкт-Петербург раиси Шӯрои Федератсияи Русия, ҳамзамон раиси АБП ИДМ Валентина Матвиенко рӯзи 27 март бо раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии АБП ИДМ, зимни вохӯрӣ Матвиенко қайд кардааст, ки тӯли 25 соли фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил АБП ба сифати иттиҳоди маъруфи байнулмилалии ҳамгиройӣ ва майдони муҳими муколама муҳимияти худро тасдиқ кард.

«Муколамаҳои пурмаҳсул миёни парлумонҳои кишварҳои мо ба табодули назар доир ба масоили бештар муҳими муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар шаклҳои бисёрҷониба имкон фароҳам меоварад», – изҳор доштааст Матвиенко.

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия таъкид доштааст, ки ҳайати Тоҷикистон дар фаъолияти АБП ИДМ фаъолона ширкат меварзад. Ӯ ба Маҳмадсаид Убайдуллоев нишони фахрии Шӯрои Федератсия «Барои рушди парламентаризм»-ро тақдим намуд.

Дар навбати худ раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр кардааст, ки АБП ИДМ-ро яке аз майдонҳои муҳиму зарурии муколамаи байнипарлумонӣ мешуморад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.