Табодули барқияҳои табрикӣ миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Австрия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии 25-умин солгарди  истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия ба президенти ин кишвар Александр Ван дер Беллен барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки тайи ин давра робитаҳои байни кишварҳо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии 25-умин солгарди  истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия ба президенти ин кишвар Александр Ван дер Беллен барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки тайи ин давра робитаҳои байни кишварҳо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар чандин арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн  рӯ ба густариши бемайлон ниҳода, муносибатҳои байнидавлатӣ бо такя ба усулҳои  ҳусни тафоҳум, эътимод ба ҳамдигар ва эҳтироми мутақобила ба сатҳи назаррас расидаанд.

«Мо ба ояндаи неки робитаҳои гуногунҷанбаи байни  Тоҷикистон ва Австрия  итминон дорем ва изҳори  умедворӣ менамоем, ки ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо дар минбаъда низ  идомаи босамар хоҳанд ёфт», – омадааст дар барқия.

Дар барқияи Президенти Австрия Александр Ван дер Беллен зикр мегардад, ки сарфи назар аз масофаи дури ҷуғрофӣ, ҳанӯз ҳам имкониятҳои истифоданагардидаи ҳамкориҳо мавҷуд буда, сафарҳои мутақобилаи дуҷониба гувоҳии ин гуфтаҳоянд.

«Ба Австрия ҳамчун аъзои Иттиҳоди Аврупо арзишҳои аврупоӣ барои робитаҳои мо аҳамияти калон дорад, – омадааст дар барқия. – Австрия, ки нимаи дуввуми соли 2018 раисии Шӯрои Иттиҳоди Аврупоро бар уҳда мегирад ва мо диққати хешро барои таҳкиму густариши робитаҳои ҳамшарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо равона хоҳем кард».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.